Хоҷазода афзуд, то имрӯз аз 987,6 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 889,45 километр мувофиқа шудааст. Аммо раиси Кумитаи замини Тоҷикистон аз ироаи ҳамагуна ҷузъиёти бештар дар бораи минтақаҳое, ки муайян шудааст, худдорӣ кард.
Ориф Хоҷазода сабаби инро ба тавофуқи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон рабт дорад, ки бар асоси он, "муҳтавои протокол ва асноди корҳои иҷрошуда" то мувофиқаи ниҳоӣ "махфӣ бошад".
"Вақте музокира ба анҷом мерасад, варақаи матбуотӣ бо мувофиқаи якдигар пахш мешавад. Ончӣ, ки маълумот дода мешавад, бо мувофиқаи ду тараф расонаӣ мешавад. Аз намояндагони воситаҳои ахбори омма хоҳиш мекунам, ки ин ҳолати моро дарк кунед",-афзуд раиси Кумитаи замини Тоҷикистон.
Махфӣ мондани ҷузъиёти вохӯрии намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон нигарониҳоро ба миён овардааст.
Содир Ҷабборов 11-уми декабри соли 2023 дар маросими ифтитоҳи як мактаб дар деҳаи Оқсой гуфт, хати сарҳад бо Тоҷикистон то баҳори соли 2024 мушаххас хоҳад шуд.
Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия рӯзи 10-уми январи имсол зимни сафараш ба Душанбе гуфт, аз мақомоти Қирғизистон "хабари хуш гирифт", ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон "ҳал шудааст" ва интизор меравад, созишнома моҳи марти имсол имзо шавад. Ӯ афзуд, дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон тавонист, "тасдиқи ин хабарро бигирад".
Аммо Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон 8-уми феврал ҳеч санаи мушаххасро ба забон наовард. Ӯ танҳо гуфт, "мо ҳам мехостем ва тарафдори он ҳастем, ки масъалаи сарҳадӣ ҳаллу фасли худро ёбад".
Баъди як муддат сардиву танаффус дар музокираҳо, моҳҳои охир якбора ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти ду кишвар оид ба марз вусъат пайдо кард ва ҳар моҳ як ё ду бор ҳайатҳое ба раҳбарии сарварони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон – Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи баргузории музокирот ва дастёбӣ ба мувофиқаҳое дар таъини мақоми қитъаҳои баҳсии марз хабарҳо нашр мекунанд.
Музокираи Душанбе ва Бишкек барои муайян кардани хатти марз аз соли 2002 идома дорад. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.
Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.