Порлумон тарҳи "намояндагони хориҷӣ"-ро баррасӣ накард

Жогорку Кенеш, порлумони Қирғизистон

Тарҳи қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" дар Қирғизистон, ки қарор буд, 7-уми феврал дар порлумон баррасӣ шавад, аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шудааст.

Вакили порлумон Дастон Бекешев гуфт, "эҳтимол гуфтугӯҳо бо сармоягузорони байнулмилалӣ ҳанӯз ба поён нарасидаанд. Қаблан баррасии ин лоиҳа ба далели мунтазир мондан ба гранти Иттиҳоди Аврупо боз дошта шуда буд, вале ба маҳзи дастрас шудани грант дубора оғоз ва ба кумита пешниҳод гашт."

Дар хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон гуфтанд, ки намедонанд чаро тарҳи қонун имрӯз баррасӣ карда нашуд.

Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои додгоҳӣ-ҳуқуқии порлумони Қирғизистон ахиран тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро дар хониши дувум тасдиқ кард.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.