Ҷоми Осиё: Мунтахаби Урдун Кореяро шикаст доду ба финал роҳ ёфт

Ҳаводорони мунтахаби футболи Урдун

Дастаи мунтахаби Урдун дар даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин дастаи аввалинест, ки ба финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Кореяи Ҷанубӣ шаби 6-уми феврал дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райяни Қатар баргузор шуд.

Ин бозӣ ғайричашмдошти коршиносон бо пирӯзии урдуниҳо ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Язан Ал-Наймат дар дақиқаи 53-юм тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ вориди дарвоза кард. Баъди 13 дақиқа Мусо Ал-Тамарӣ бо зарбаи сахт аз назди хатти ҷаримагоҳ ҳисобро афзун намуд – 2:0.

Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Урдун дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 10-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаили Қатар соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад, бо ғолиби бозии ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии Эрону Қатар рақобат мекунад.

Мунтахаби Урдун дар бозии аввалини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар 2-юми феврал тими миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Ҳамакнун мунтахаби Урдун муборизаро барои унвони қаҳрамони Осиё идома хоҳад дод. Ин даста, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз соли 2004 бори шашум иштирок мекунад, бори аввал ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Урдуниҳо бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Аммутаи марокашӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло шаш бозӣ анҷом дода, дар чаҳортоаш ғолиб шуда, як бозиро мусовӣ кардаанд ва дар як дидор шикаст хӯрдаанд.

Мунтахаби Урдун дар гурӯҳи “D” бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Малайзия – 4:0, Баҳрайн – 0:1, Кореяи Ҷанубӣ – 2:2.

Мунтахаби Урдун дар ҳаштякфинал тими миллии Ироқро бо ҳисоби 3:2, дар чорякфинал тими миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 ва дар даври ниманиҳоӣ дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Вале мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки ба назари коршиносон яке аз муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё дар Қатар ба шумор мерафт, аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд.

Тими миллии Кореяи Ҷанубӣ ду бор (солҳои 1956 ва 1960) барандаи Ҷоми Осиё шуда, чаҳор бор (1972, 1980, 1988 ва 2015) барандаи медалҳои нуқра ва чаҳор маротиба (солҳои 1964, 2000, 2007 ва 2011) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ягона дастаест аз Осиё, ки аз соли 1954 аз ҳама бештар (11 бор) дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, соли 2002 ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст. Он бо роҳбарии сармураббӣ Юрген Клинсманни олмонӣ дар Ҷоми Осиё-2023 шаш бозӣ анҷом дода, дар сетоаш ғолиб омад, ду бозиро мусовӣ карда, яктоашро бохт.

Кореягиҳо дар гурӯҳи “Е” пас аз Баҳрайн (6 имтиёз) бо касби 5 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Баҳрайн – 3:1, Урдун – 2:2, Малайзия – 3:3.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ҳаштякфинал Арабистони Саудиро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои ҷаримавии 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) ва дар чорякфинал Австралияро дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфта буд.

Бозии дуюми даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни тимҳои миллии Эрону Қатар рӯзи чоршанбеи 7-уми феврал дар варзишгоҳи Ал-Тумамаи шаҳри Доҳа соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) сар мешавад.

Тими миллии Эрон, ки 3-юми феврал дар бозии сеюми даври чорякниҳоии мусобиқот тими миллии Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.

Мунтахаби Қатар, ки дар бозии охирини даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тими миллии Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, ба ҳаққи иштирок дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 даст ёфт.

Тими миллии Эрон яке аз муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё-2023 маҳсуб мешавад. Эрониҳо се бор (солҳои 1968, 1972 ва 1976) барандаи Ҷоми Осиё ва панҷ маротиба (1980, 1988, 1996, 2004 ва 2019) соҳиби медалҳои биринҷӣ гардидаанд.

Мунтахаби Эрон, ки аз соли 1978 шаш бор дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок кардааст, натиҷаи беҳтаринаш ҷойи 18-ум дар соли 2018 мебошад. Он бо роҳбарии сармураббӣ Амир Ғаленойии эронӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло панҷ бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш пирӯз шудааст.

Эрониҳо дар гурӯҳи “С” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Фаластин – 4:1, Ҳонконг – 1:0, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 2:1.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ эрониҳо дар се бозӣ 7 гол зада, аз дарвозаашон 2 гол сар доданд, ки ин нишондод аз қавӣ будани хаттҳои ҳамла ва дифоъ шаҳодат медиҳад.

Мунтахаби Эрон дар ҳаштякфинал тими миллии Сурияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ ва изофа - 1:1) ва дар чорякфинал Ҷопонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Дар ҳайати мунтахаби Эрон беҳтарин дарвозабон Алиризо Бейранванди 31-сола, ҳамлагарони моҳир, ба мисли Сардор Озмуни 29-сола ва Меҳдӣ Таремии 31-сола бозӣ мекунанд.

Муддаии дигари унвони қаҳрамони Осиё дастаи мизбон - Қатар мебошад. Ин даста, ки қаҳрамони феълии Осиёст, унвони худро ҳимоя хоҳад кард. Тими миллии Қатар, ки аз соли 1980 дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад, соли 2019 баранда шудааст.

Мунтахаби Қатар дар Ҷоми ҷаҳонии футбол бори аввал соли 2022 ба ҳайси мизбон ширкат варзида, дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳарсе бозиро бохтааст.

Қатариҳо бо роҳбарии сармураббӣ Бартоломе Марке Лопеси испаниягӣ дар Ҷоми Осиё-2023 то ҳоло панҷ бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб шудаанд.

Мунтахаби Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Натоиҷи бозиҳои даври гурӯҳӣ чунин аст: Лубнон – 3:0, Тоҷикистон – 1:0, Чин – 1:0.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ қатариҳо дар се бозӣ 5 гол зада, аз дарвозаашон гол сар надоданд, ки ин аз қавӣ будани хаттҳои ҳамла ва дифоъ дарак медиҳад.

Мунтахаби Қатар дар ҳаштякфинал тими миллии Фаластинро бо ҳисоби 2:1 ва дар чорякфинал тими миллии Узбекистонро аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.

Дар ҳайати мунтахаби Қатар яке аз беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми Осиё-2023, ҳамлагар Акрам Афифи 27-сола бозӣ мекунад, ки ӯ то ҳоло чаҳор гол задааст.

Ҷоми Осиё-2023

Даври ниманиҳоӣ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

Урдун – Кореяи Ҷанубӣ – 2:0

Голҳо: Язан Ал-Наймат, 53 (1:0), Мусо Ал-Тамарӣ, 66 (2:0).

Корти зард: Эҳсон Ҳаддод, 45+2, Муҳаммад Абу Ҳашиш, 64– Урдун; Ҳванг Ин-Бим, 15, Ҷунг Сунг-Ҳун, 84, Чо Гю-Сунг, 89.

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

Эрон – Қатар

Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

Финал

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Лусаил. Варзишгоҳи миллӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.