Ба гуфтаи як манбаи боварбахш, бо гузашти се сол аз тасмими ба наворгирии филм, синамогарони тоҷику узбек “бар сари сенария, макони сабт ва чанд масъалаи дигар” ба хулосаи ниҳоӣ нарасидаанд.
Рӯзноманигорон рӯзи 6-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз раиси “Тоҷикфилм”, Маҳмадсаид Шоҳиён, пурсиданд, ки дар ниҳоят филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” кай таҳия хоҳад шуд? Шоҳиён дар оғоз санаи мушаххасро ба забон наовард ва танҳо пас аз пофишории хабарнигорон гуфт, ки филмро соли 2024 ба навор мегиранд.
Аммо як манбаи огоҳ аз қазия мегӯяд, заминаҳо барои сабти филм ҳанӯз омода нашудааст ва, ба гумон аст, ки ваъдаи раиси “Тоҷикфилм” имсол иҷро шавад. Ҳамсуҳбати мо мушкилро чунин баршумурд:
“Ду тараф то ҳол бар сари филмномаи ниҳоӣ ба тавофуқ нарасидаанд. Вақте пешниҳодҳои худро барои онҳо мефиристем, ҷониби Узбекистон матнро ба Академияи илмҳо ва ҷомиву навоишиносҳо мефиристанд. Онҳо ҳатман 10 эпизоди дигар ворид карда, ба мо мефиристанд, ки дар Тоҷикистон аз сӯи олимон қабул намешавад. Яъне, филмномаи аниқе, ки ду тараф бар сари он розигӣ дода бошанд, то ҳол нест. Боз ин ҷо баҳс сари тақсими ҳунармандон ва нақшҳо дар филм аст.”
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси “Тоҷикфилм”, рӯзи 6-уми феврал дар бораи “баҳсҳои эҷодӣ” суҳбат кард, вале ҷузъиёт надод. Шоҳиён танҳо гуфт, филмнома бори шашум аст, ки омода мешавад ва баъзе чизҳо, аз ҷумла фактҳои таърихӣ бояд мувофиқа шаванд. Ба гуфтаи раиси “Тоҷикфилм”, 8 олим аз Тоҷикистон ва 8 олими дигар аз Узбекистон бар сари ин масъала кор мекунанд.
Аз тарафи Тоҷикистон раиси Иттифоқи синамогарон Сафар Ҳақдод муаллифи филмнома таъйин шудааст. Аммо ӯ рӯзи 6-уми феврал нахост дар бораи матни филм суҳбат кунад. Гуфт, ки “масъаларо аз “Тоҷикфилм” пурсед” ва бо ин иктифо кард.
Манбаи мо, ки аз мавзуъ огоҳ аст, мегӯяд, “синамогарони Узбекистон мехоҳанд нақши Алишер Навоиро дар филм барҷаста нишон диҳанд, ки тарафи Тоҷикистон бо он розӣ нест.” Ин манбаи мо гуфт, масъалаи харҷи филм ва саҳми ду тараф дар пардохтани пул низ то ҳол ниҳоӣ нашудааст.
Масъулони “Тоҷикфилм” мегӯянд, то ин вақт таҳиягарон чанд макони эҳтимолии сабтро дар Тоҷикистону Узбекистон ва Туркия дидаанд. Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси “Тоҷикфилм” гуфт, ба наздикӣ таҳиягарон барои боздид аз чанд макон ба Эрон мераванд.
Танқидҳо аз матни филмномаи “Ҷомӣ ва Навоӣ” пештар низ садо дода буд. Аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва мушовири филм, гуфта буд, ки "забони филмнома ба забони асри 15 мувофиқат намекунад ва як зарра хушк аст."
Манбаи мо дар бораи забони таҳияи филм гуфт, ба эҳтимоли зиёд бо забони русӣ сабт ва сипас ба тоҷикӣ ва узбекӣ тарҷума хоҳад шуд. “Ҳарчанд ҳама медонад, ки забони давлатдорӣ дар замони Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар асри 15 форсӣ буд, таҳиягарон аз Узбекистон ин забонро намедонанд,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, дар соли 2021 дастур дода буданд, ки дар бораи дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филме таҳия шавад. Мақомот онро василае барои нишон додани дӯстии шоирони классики тоҷику узбек, вале мунтақидон "сиёсӣ, идеологӣ ва холӣ аз накӯҳиши ҳокимон” медонанд.