Узбекистон дар пайи садама дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек ба Қирғизистон ҳамчун ёрии башардӯстона гази моеъ фиристодааст.
Расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки на камтар аз ҳазор балони гази моеъ аз вилояти Андиҷон ба вилояти Ҷалолобод интиқол ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик ба Бишкек бирасанд.
Туркманистон ҳам ба Қирғизистон 2 ҳазор тонна гази моеъ кумак кардааст.
Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, то бартараф кардани оқибатҳои садама дар интиқоли барқ ба Бишкек мусоидат хоҳанд кард.
Садама дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек рӯзи 2-юми феврал рух дод. Дар натиҷаи садама панҷ кас ҷароҳат бардошт, ки се тани онҳо бистарӣ шудаанд.
Барои рафъи оқибатҳои садама ситоди фаврӣ таъсис шудааст.
Дар Вазорати энержии он кишвар гуфтанд, барқарорсозии Маркази гармидиҳӣ то 7 рӯз вақт мегирад.