Дар маркази Атен бомба таркид

10 апрели соли 2014 ҳам дар маркази Атен таркише рух дод. Мошини ҳомили бомба дар назди Бонки марказии Атен таркид

Субҳи 3 феврал дар маркази шаҳри Атени Юнон дар назди идораи як бонк ва вазорати кор бомбае таркид. Дар ин бора шабакаи ERTnews хабар додааст.

Як намояндаи полис гуфтааст, ки ҳарчанд таркиш бисёр сахт буду ба девори вазорат ва дигар биноҳои атроф осеби ҷиддӣ расонид, касе дар ин ҳодиса зарар надидааст.

Чил дақиқа пеш аз таркиш як нашрияи шаҳри Атен тавассути телефон огоҳонида шуд, ки таркиш рух медиҳад. Масъулияти ин таркишро созмони аз ин пеш ношинохтаи бо номи “Гурӯҳи худдифоии инқилобии синфӣ” ба ӯҳда гирифт.