Исроил аз "муваффақият дар Хон Юнус" гуфт, Фаластин аз набуди имкони ёрӣ ба мардум. ВИДЕО

Амалиёт дар Хон Юнус

Артиши Исроил иддао дорад, ки амалиёти заминӣ дар шаҳри Хон Юнуси минтақаи Ғазза бо муваффақият анҷом ёфта, акнун сарбозони Исроил ба самти  марзи Ғазза бо Миср ҳаракат хоҳанд кард.

Ҷониби фаластинӣ иброз доштааст, ки Исроил имкон намедиҳад, ки табибон ва хадамоти наҷоти фаластинӣ ба мардуми минтақаҳои бомбабороншуда ёрии саривақтӣ расонанд.

Шумораи фаластиниҳои кушташуда дар ҳамлаҳои Исроил дар минтақаи Ғазза аз 27 ҳазор нафар бештар шуд. Рӯзи панҷшанбе вазорати беҳдошти зери назари созмони Ҳамос эълон кард, ки дар 24 соати гузашта 118 фаластинӣ ба қатл расида, шумораи умумии кушатшудагон аз ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза ба 27 ҳазору 19 нафар баробар шуд.

Ба қавли ҳамин манбаъ, дар ҳамлаҳои исроилӣ, ки баъди 7-уми октябр, яъне пас аз юриши силоҳбадастони Ҳамос ба Исроил шурӯъ шудаанд, 66 ҳазору 139 сокини минтақаи Ғазза ҷароҳат бардоштааст.

Фаластиниҳо исрор меварзанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳазорҳо қурбонии дигари ҳамлаҳои исроилӣ дар зери вайронаҳои биноҳо мебошанду нерӯи исроилӣ роҳ намедиҳад, ки ёрии таъҷилии тиббӣ ва хадамоти наҷот ба биноҳои валангор наздик шаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Ғазза шумораи кушташудагон аз 27 000 тан гузаштааст


Рӯзи якуми феврал артиши Исроил наворҳои амалиёти низомӣ дар шаҳраки Хон Юнус, воқеъ дар ҷануби Ғаззаро намоиш дода, таъкид кард, ки камаш 70 нақб ва камингоҳи зеризаминии силоҳбадастони Ҳамосро маҳв кардааст. Фармондеҳони исроилӣ мегӯянд, камаш ду пойгоҳи мушакандозӣ ба хоки Исроилро ташхис кардаанд.

Мейр, фармондеҳи баталиони артиши Исроил гуфт:

"Вазифаи мо то ҳол ба анҷом нарасидааст. Вақте моро даъват карданд, мо бо мушти сарсупурдаву кушанда ба ҷойи зарурӣ ҳозир шудем. Бароям фармондеҳии ин баталион ифтихор аст. Ҳаракат ба пешро идома медиҳем"

Вазири мудофиаи Исроил Йоаф Галлант мегӯяд, амалиёт дар шаҳри ҷанубии Хон Юнуси Ғазза бо муваффақият иҷро шуд ва акнун артиш ба иҳотаи шаҳри Рафоҳ, воқеъ дар марзҳои ҷанбуии Ғазза ҳаракат хоҳад кард."


Расонаҳои фаластинӣ гузориш медиҳанд, ки дирӯз артиши Исроил 114 нафар ва аз ҷумла чор занро, ки дар ҷараёни амалиёти заминӣ дар Ғазза ба ҳабс гирифта буданд, раҳо карданд.