"Барои арзон кардани Интернет бо ҳамсоя (Чин) ҳамкории зич дорем. Агар ин системаро ворид кунем, нарх хеле арзон мешавад," – гуфт Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамот, рӯзи 31-уми январ.
Раёсати Хадамотро Бег Сабур, қудои президенти Тоҷикистон, бар уҳда дорад. Ӯ дар гузашта бо изҳороти аҷибу ғарибаш машҳур буд, вале чанд сол боз ба далели будан дар сафарҳои хидматӣ бо хабарнигорон рӯ ба рӯ намешавад. Бо айни ҳамин баҳона рӯзи 31-уми январ ба нишасти матбуотӣ наомад.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар оғози моҳи декабри соли гузашта бо ширкати “Ҳуавей" тафоҳумнома (Меморандум) имзо кард. Ҳадафаш дастрас кардани таҷҳизоти навтарини соҳа ба фароҳамгарони Интернет гуфта мешавад.
Дар ҳоле ки мақомот онро ба манфиат медонанд, баъзе аз коршиносон аз эҳтимоли пурра зери назорати Чин мондани Интернет дар Тоҷикистон нигарон ҳастанд.
Ду сол аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои солонааш ба порлумон аз баланд будани арзиш ва поин будани суръати Интернет нигаронӣ мекунад, вале мушкил ҳамчунон мондааст.
Ҳафтае пеш ширкатҳои мухобиротии "Мегафон", "Вавилон" ва "Тселл" бо фиристодани паёмак ба муштариён хабар доданд, ки аз 1-уми феврал таърифаҳояшон тағйир меёбад ва мутаносибан нарх боло меравад.
Хадамоти алоқа шоми 24-уми январ дар вокуниши бепешинае аз ин кори ширкатҳои мобилӣ танқид кард. Ширкатҳои мухобиротӣ расман чизе нагуфтанд, вале масъулони онҳо ба Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки таърифаҳо ва арзиши онҳо мисли пешина мемонанд.
“Мо нархро дигар карда наметавонем, аммо назорат кардан метавонем. Дар бораи нарху наво, бе иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон ва бе иҷозаи мақомоти марбута амал карда наметавонем,” – гуфт Илҳомҷон Атоев.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло мувофиқи радабандии Worldwide mobile data pricing (маълумоти августи 2023), Тоҷикистон дар байни 237 кишвар дар ҷойгоҳи 142-юм аст. Таҳиягарони радабандӣ нархи миёнаро барои 1 гигабайт Интернет дар Тоҷикистон 1.65 доллар ҳисоб кардаанд.
Тибқи радабандии Speedtest Global Index (маълумоти августи 2023), Тоҷикистон аз рӯйи суръати Интернет аз охир зинаи 6-умро ишғол мекунад ва дар миёни 145 кишвар дар мақоми ҷойи 139-ум аст. Дар ин рӯйхат пас аз Тоҷикистон кишварҳое чун Боливия, Венесуэла, Яман, Судон, Афғонистон ва Куба қарор доранд.
Шумораи истифодабарандаҳои Интернетро (бо шумули интернети мобилӣ ва собит) дар Тоҷикистон 4,5 миллион нафар шумурдаанд.