Ҷоми Осиё: Мунтахаби Узбекистон ба чорякфинал баромад

Дастаи мунтахаби Узбекистон, ки дар бозии панҷуми ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Тайландро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Мунтахаби Узбекистон дар нимаи аввали дидор бартарӣ дошт. Ҳисобро Азиз Турғунбоев дар дақиқаи 37-ум боз кард. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум Супачок Сарачат, бозигари тайландиҳо, ҳисобро баробар намуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Узбекистонро Аббосбек Файзуллоев дар дақиқаи 65-ум ба самар расонд.

Тими миллии Узбекистон бо роҳбарии сармураббӣ Сречко Катанетси 60-солаи словениягӣ дар марҳилаи гурӯҳӣ ягон бозиро набохта, Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод ва ду бозиро бо Австралия (1:1) ва Сурия (0:0) мусовӣ карда, бо 5 имтиёз аз ҷойи дуюм ба ҳаштякфинал баромад.

Ҳамакнун футболбозони узбек дар даври чаҳорякниҳоӣ бо дастаи мизбон – Қатар - рақобат мекунанд. Ин бозӣ 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Хаур, дар варзишгоҳи Ал-Байт, соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии панҷ бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар то ҳоло панҷ тими миллӣ - Австралия, Тоҷикистон, Урдун, Қатар ва Узбекистон - ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Боз як дастаи иштирккунандаи чаҳорякфинал шаби 30-юми январ дар бозии ҳаштякниҳоӣ миёни тимҳои миллии Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ (21:00) ва ду дастаи охирин 31-уми январ бозиҳо байни дастаҳои Баҳрайн – Ҷопон (16:30) ва Эрон – Сурия (21:00) муайян мешаванд.

Ёдовар мешавем, даври ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 28-уми январ бо ду бозӣ миёни тимҳои миллии Австралия – Индонезия ва Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз ёфт.

Нахуст дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади шаҳри Ал-Райян вориди рақобат шуданд. Австралиягиҳо ба дарвозаи индонезиягиҳо чаҳор голи беҷавоб зада, аввалин шуда ба чаҳорякфинали Ҷоми Осиё-2023 баромаданд.

Мунтахаби Австралия дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ/Ҷумҳурии Корея рақобат мекунад. Ин бозии чаҳорякниҳоӣ 3-юми феврал дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби шаҳри Ал-Вакраҳ соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бозии дуюми 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шаби якшанбе дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Ал-Райян баргузор шуд.

Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ғолибро силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ муайян кард. Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:3 ғолиб омад, дуюмин шуда ба чаҳорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорякниҳоӣ бо мунтахаби Урдун рақобат мекунанд. Ин бозӣ 2-юми феврал дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ (16:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Зимнан, мунтахаби Урдун дар бозии сеюми даври ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар 29-уми январ муқобили тими миллии Ироқ бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст овард ва сеюмин шуда ба чаҳорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.

Дарвоқеъ, мунтахаби Урдун рақиби тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G мебошад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро 16-уми ноябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Дар маҷмуъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун бо ҳам панҷ бозӣ анҷом додаанд: се бозӣ дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва ду бозии дӯстона.

Дар ду бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон соли 2015 мунтахаби Урдун пирӯз шудааст (3:0, 3:1). Урдуниҳо моҳи феврале соли 2021 дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон – бо мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона карданд. Дар дидори аввал мизбонон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Бозии дуюми дӯстона дар Уммон бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, аз панҷ бозӣ сетоаш бо пирӯзии урдуниҳо, яктоаш бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта, як бозӣ мусовӣ шудааст.

Мунтахаби Қатар, қаҳрамони феълии Осиё, ки дар бозии чаҳоруми даври ҳаштякниҳоии мусобиқот 29-уми январ тими миллии Фаластинро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, чаҳорумин шуда ба чаҳорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.

Қатариҳо дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Узбекистон/Tайланд рақобат мекунанд. Ин бозии чаҳорякниҳоӣ 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Хаур, дар варзишгоҳи Ал-Байт, соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ҷоми Осиё-2023

1/8 ФИНАЛ

28-уми январ (якшанбе)

Австралия – Индонезия – 4:0

Голҳо: Елкан Багготт, 12 (1:0), Мартин Бойл, 45 (2:0), Крейг Гудвин, 89 (3:0), Ҳарри Суттар, 90+1 (4:0).

Ал-Райян, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:3.

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0), Халифа Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).

Силсилаи пеналти: голҳои Тоҷикистон - Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров, Алишер Шукуров.

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шервонӣ Мабатшоев (Табрез Исломов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72).

Корти зард: Яҳё Ал-Ғасанӣ, 69, Таҳнун Ал-Заабӣ, 84 (ҳарду Иморот), Нуриддин Ҳамроқулов, 116 (Тоҷикистон).

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 33 584 тамошобин.

29-уми январ (душанбе)

Ироқ – Урдун – 2:3

Голҳо: Язан Ал-Наймат, 45+1 (0:1), Суад Нотиқ, 68 (1:1), Аймен Ҳусейн, 76 (2:1), Язан Ал-Араб, 90+5 (2:2), Низор Ал-Рашдан, 90+7 (2:3).

Корти зард: Аймен Ҳусейн, 77 - Ироқ, Насиб Абдуллоҳ, 14, Язан Ал-Наймат, 80, Низор Ал-Рашдан, 90+7 – Урдун.

Корти сурх: Аймен Ҳусейн, 77 (Ироқ)

Доҳа, Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа

Қатар – Фаластин – 2:1

Голҳо: Одей Даббағ, 37 (0:1), Ҳасан Ал-Ҳайдос, 45+6 (1:1), Акрам Афиф, 49 – аз пеналти (2:1).

Корти зард: Тамер Сиям, 15, Муҳаммад Солеҳ, 48, Амид Маҳаҷна, 85 – ҳарсе аз мунтахаби Фаластин.

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

30-юми январ (сешанбе)

Узбекистон – Тайланд – 2:1

Голҳо: Азиз Турғунбоев, 37 (1:0), Супачок Сарачат, 58 (1:1),

Аббосбек Файзуллоев, 65 (2:1).

Корти зард: Абдуқолир Хусанов, 87 (Узбекистон).

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ. 21:00

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

31-уми январ (чоршанбе)

Баҳрайн – Ҷопон. 16:30

Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

Эрон – Сурия. 21:00

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Австралия – Арабистони Саудӣ/Ҷумҳурии Корея. 20:30

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон/ Сурия - Баҳрайн/Ҷопон. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар - Узбекистон. 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.