Чаро дар Ашт зардолуҳои 20-соларо решакан карданд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар ноҳияи Ашт ҷанҷол ба сари як порча аз боғ сабаби решакану аз байн бурдани даҳҳо дарахти зардолу шудааст, ки соҳибонаш ду даҳсола барои парвариши он заҳмат кашидаанд. Набиҷон Одирматов, соҳиби зардолузор мегӯяд, ранҷеро, ки барои бунёди боғ кашида буд, барбод доданд.