Сокинони ин деҳаҳо мегӯяд, ки шароити иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии онҳо ба меъёрҳои шаҳр мувофиқат намекунад, аз ин рӯ бояд мақомот иҷоза бидиҳанд чорводориро идома диҳанд.
Бар асоси қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз 24 декабри 2021, ба сокинони ин маҳаллаҳо парвариши чорвою парранда барои ду сол иҷоза дода шуд. Акнун бо гузашти ин ду сол, шаҳрдорӣ мехоҳад сокинони ин деҳаҳо, ки ба ноҳияҳои Синову Фирдавсии Душанбе пайвастаанд, ба ин кор поён диҳанд.
Фатҳулло Ёров, сокини 65-солаи маҳаллаи Озодии занон мегӯяд, ки онҳо 50-60 дарсади зиндагиашонро аз ҳисоби чорводорӣ таъмин мекунанд ва агар манъ шавад, бо нафақае, ки мегирад зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд.
“Шароити мо, дар ҳоли ҳозир, аз рӯйи фаҳмиши ман, ба меъёрҳои шаҳр мутобиқат намекунад. Ҳоло зиндагии мо аз рӯи чорво, аз рӯи замин аст. Дар замин картошка, пиёз, сабзӣ, ҷуворию лалабу ва сабзавоти дигар ва дар тирамоҳ шалғаму турб мекорем. Қисми заруриро мехӯрем, боқиро бурда мефурӯшем. Хӯроки чорворо аз замин таъмин мекунем”.
Соли 2021 бо як тасмими ҳукумати Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор ҳектар замин ва наздик ба 70 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе пайвастанд. Акунун аз рӯи меъёрҳои зиндагии шаҳрӣ дигар ҳаққи чорводориро надоранд.
Рустами Эмомалӣ, бошандаи дигари ин маҳалла, ки барои нигоҳдории чорво аз сӯи нозирони минтақавӣ ба қавле “протокол” шудааст, мегӯяд, танҳо роҳи таъмин кардани зиндагиашро дар чорводориву замин мебинад ва аз шаҳрдори Душанбе мехоҳад, дар фикри онҳо бошанд.
“Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ман Рустами Эмомалии Ашӯрализода ҳастам. Як бачаи деҳқон, зиндагиамон бо деҳқонӣ мегузарад. Молро аз бозор мехарем, фарбеҳ мекунем, мефурӯшем. Асп дорам, 30 моли майда, 5 гови нар ва гови ширдеҳ дорам. Дар хоҷагии деҳқонии “Нусратулло” 4 ҳектар замин саҳм дорам. 7 фарзанди ноболиғи хӯранда ва модари ранҷур дорам”.
Абдуҷамил Холов, раиси маҳаллаи Озодии занон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ки нозирони минтақавӣ омада мардумро огоҳ карданд.
“Хона ба хона гашта гуфтанд, ки шумо ду сол пеш огоҳ шуда будед, боз як бори дигар огоҳ мекунем, ки молро бояд бароред, муҳлат тамом шудааст, дигар наметавонем муҳлат диҳем”, - изҳор дошт раиси маҳалла.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло маълум нест, ки ба бошандагони ин маҳаллаҳо барои идомаи чорводорӣ иҷоза медиҳанд ё не.
Нурхон Файзуллоев, намояндаи масъули ҳукумати ноҳияи Сино рӯзи 24-уми январ ба Радиои Тоҷикистон гуфтааст, ки “ин сокинон ду сол муҳлат доштанд, ки шаҳрро аз чорво холӣ мекарданд”.
Ҳарчанд сокинон нигаронанд, ки ин тасмим зиндагии онҳоро мушкил мегардонад, аммо бар асоси як санаде, ки аз сӯи Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо номи “нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои Қарори маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе...” таҳия шудааст ва Радиои Озодӣ ба он даст ёфт, аз ҳисоби кормандони Шуъбаи корҳои дихилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ШВКД ноҳияи Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ дар ҳамдастӣ бо раисони маҳаллаҳо ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ гуруҳи корӣ созмон дода шудааст.
Ин гурӯҳ вазифадор шудааст, ки иҷрои қарори вакилони шаҳри Душанберо таъмин кунад, яъне ба чорводорӣ дар маҳаллаҳои Обчакорон, Шайнак, Ҳазора, Дарёбод, Саркиштии болову поён, Гравзавод, Машъал, Ҳосилот-1, Чимтеппа, Гулбутта, Конститутсия, Чортут, Ленин, Маҳмадшои Боло-1 ва 2, Озодии Занон – 1 ва 2, Чортут, Навбаҳор, Бӯстон ва Машъал поён диҳад. Дар санад омадааст, ки агар гурӯҳи корӣ муваффақ нашавад, “ба ҷазои сахти интизомӣ ҷалб карда мешаванд”.
Дар ҳамин ҳол Нуралӣ Саъдуллоев, ки 240 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, мегӯяд, ки 2 ҳектар замин ва чор гов дорад ва агар манъ шавад, писараш маҷбур аст кӯдаконашро партояду ба Русия равад.
“Мо ҳоло ягон майда ба шароити шаҳр мувофиқ нестем. Партовгоҳ надорем. Ин аса мактаби мо, инро агар касе биёяду бинад, ба ҳолаш механдад. Халқ ҳам зиндагиаш вазнин аст. Аммо пул ҷамъ кардем, бунгоҳи тиббӣ сохтем. Ҳоло боз пул ҷамъ карда истодаем, ки роҳро соз кунем. Албатта шароити шаҳр шавад, мо ҳам тарафдори шаҳрем. Автобус, боғча, роҳҳо обод, партовгоҳ дуруст шавад, ба фарзандони мо дигар гов чӣ даркор. Ягон заводу фабрика шавад, даромада кор мекунанду зиндагиро пеш мебаранд”,-нигаронӣ мекунад Саъдуллоев.
Дар ҳукумати ноҳияи Сино дар суҳабати бидуни микрофон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз бошандагони ин маҳаллаҳо ба ноҳияиҳои шаҳр аризаҳои зиёде ворид шудааст. Ҳоло раисони ноҳияҳо тасмим доранд ин нигаронии сокинонро ба шаҳрдорӣ бирасонанд то тасмиме гирифта шавад, зеро ин маҳаллаҳо дар танзими нарху наво ва таъмини маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт нақши муҳимме низ доранд.
Алимаҳмад Солиев, сокини маҳаллаи Озодии Занон ҳам умедвор аст, то мутобиқ шудани зиндагиашон ба шароити шаҳр ба онҳо иҷоза идомаи чорводориро медиҳанд.
“Аз ҳисоби супоридани андозу арзиши обу дигар хидматрасониҳо гӯё шаҳрием, аммо аз ҳисоби шароити зиндагӣ одами қишлоқем. Ҳоло ҳам таппаку ангишт алов мекунем. Аммо замони ноҳияи Рӯдакӣ будан 78 сомонӣ андози хона месупоридам, ҳоло ҳамон хонаву ҳавлӣ 500-600 сомонӣ”.
Соли 2009, замони шаҳрдор будани Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе нигаҳдориву парвариши чорвою парранда, ба ҷуз навъҳои ғайриистеҳсолӣ, манъ карда шуд. Он замон ҳарчанд сокинон норозигӣ карданд, вале ин қарор иҷро шуд. Ҳарчанд қонун "Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон" пешбинӣ мекунад, ки афроде, ки дар ҳавлӣ чорво парвариш мекунанд, аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима мешаванд, аммо ҳамин қонун боз истисное бо ин мазмун “дар ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд” низ дорад.
Ҳоло бошандагони маҳаллаҳои тозавуруд, ки шумораашон кам нест, бо ин моҷаро рӯ ба рӯ шудаанд. Танҳо ба ноҳияи Сино 32 деҳа бо наздик ба 9 ҳазор ҷамъият пайвастанд, ки 659 ҳектор замин ва 78 ҳекортор боғу токзор доранд.