"Фикр мекунанд, бо маҳр духтарро мехаранд, вале хато аст" ВИДЕО

"Дар шаҳри ғарибӣ кор мекунем, барои пули қалин (маҳр)." Паёми кӯтоҳи як муҳоҷири тоҷик буд, ки ба гуфтааш дар сардиҳои Русия кор мекунад, то барои издивоҷу пардохти пули маҳр (қалин) пул ҷамъ биорад.

Ӯ дар ин бора дар навор бо каме лабханд гап мезанад, вале барои баъзе аз ҷавонон ин мавзуъ чандон хандаовар нест. Онҳо аз пул ё ҳаққи маҳре, ки аз ҷониби баъзе аз духтарон талаб мешавад, розӣ нестанд ва мегӯянд, пардохти он барояшон сахт аст. Духтарон мегӯянд, бо пули маҳр ҷиҳозе мехаранд, ки бидуни он зиндагии муштарак номумкин аст.

“АЗ ВОҶИБОТИ ДИНӢ АСТ, АММО ДАР ҚОНУН НЕСТ”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ғайриқонунист, вале чаро сафи "занҳои дувум" дар Тоҷикистон кам намешавад? ВИДЕО

Ба омори расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон 60-70 ҳазор тӯйи арӯсӣ барпо мешавад. Дар шаш моҳи соли гузашта зиёда аз 32 ҳазор акди никоҳ сабт шудааст. Мақомот мегӯянд, дар солҳои охир харҷи тӯю маросим нисбатан кам гардид, вале баъзе аз сокинон назари дигар доранд. Махсусан дар мавриди ҳаққи маҳр.

Пештар аксарият ба ҷойи маҳр барои арӯсон "сарупо", яъне бастаи либосу пойафзол медоданд. Ҳоло тарзи он каме тағйир ёфта, ширбаҳо ё маҳр дар шакли пул пардохт мешавад. Арзиши он маъмулан вобаста ба нархи бозор ва имконияти хонаводаҳо муайян мегардад.

Барои гурӯҳе ҷиҳози арӯс бештар чун як меъёри обрӯи ӯ ва хонавода маҳсуб мешавад ва волидон кӯшиш мекунанд, ки духтари онҳо бо сари баланду бисоти фаровон ба хонаи шавҳар қадам гузорад. Аз сӯйи дигар калонсолон ба ин боваранд, ки хариду ҷамъоварии ҷиҳозу бисот ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар оғози зиндагӣ эҳтиёҷе эҳсос накунанд. Бархе ҳам бар ин боваранд, ки ҳоло ин то ҷое ба ифрот расидаву ба як сабқати арӯсон табдил ёфтааст.

Шаъмигул Муҳсинова ду духтар дорад ва мегӯяд, имкони харидани ҷиҳози зиёду гаронарзишро надорад ва аз ин рӯ намехоҳад ба ҷониби домод ҳам ҷабр кунад: “Ба ҷониби домод гуфтам, ки барои ман пул наоред. Ман мол парвариш намекунам, мехоҳам духтарам хушбахт бошад. Пул надиҳед, чизе, ки худатон метавонед, дар хона омода кунед, марҳамат."

Аз сӯйи дигар мегӯяд ӯ, дар баъзе маврид агар духтар бо ҷиҳози кам ба хонаи домод равад, метавонад зери таънаву маломат бимонад: “Шояд мегӯянд, ки очаат мошини ҷомашӯӣ нахарид, ё фалон чизатро нагирифтанд. Барои чӣ? Мо ин қадар пул додем, чаро нахаридед?”

Шояд дар зеҳни Шумо ҳам ин суол омад, ки пуле, ки чун қалин барои хариди ҷиҳоз дода мешавад, ягон меъёри муайян дорад ва оё дар қонуни танзим ҳамин масъала ба назар гирифта шудааст?

Зайнаб Ҳусейнова

Ба ҳамин суоли мо аз Кумитаи дин посух омад, ки “маҳр яке аз воҷиботи динӣ аст”, вале дар қонунгузорӣ дар ин маврид ягон муқаррароте вуҷуд надорад. Зайнаб Ҳусейнова, сухангӯи Кумита, гуфт: “Новобаста аз он ки масъалаи маҳр дар қонун зикр нашудааст, ходимони дин ҳамеша дар мавъизаҳои худ ба мардум мефаҳмонанд, ки барои пешгирӣ аз машаққати молӣ маблағи маҳр набояд ҳангуфт бошад.”

Дар зимн дар робита ба мавзӯи қалин ё маҳр сокинон ба Кумита ҳам муроҷиат мекардаанд. Зайнаб Ҳусейнова мегӯяд, ин ниҳод бо роҳи фаҳмондану омӯзиш талош мекунад, ки аз зиёдаравиҳо пешгирӣ шавад.

“АЗ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ САР МЕШАВАД”

Зулайхо Усмонова, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, ҳаққи маҳр вобаста ба табақаҳои иҷтимоӣ дар кишвар муайян мешавад, ҳар қадар, ки имкони молии хонавода беҳтар, қалин ё харҷи духтар ҳам баландтар хоҳад буд.

Ӯ гуфт: “Мувофиқи маълумоте, ки дорам, маблағи қалин ҳоло дар Душанбе аз 20 ҳазор сомонӣ сар мешавад, мумкин то 100 ҳазор сомонӣ равад. Мувофиқи гурӯҳҳои иҷтимоӣ аст. Табақаи миёна метавонанд то 100 ҳазор ҳаққи маҳр диҳанд ба оилаи духтар. Вале ман ҷавононеро, ки аз ин шикоят мекунанд, мефаҳмам. Қалинро дар шакли маблағи калон додан душвор аст,” – гуфт ӯ.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, талаби ҳамин миқдор пул то куҷо зарур аст?

Зулайхо Усмонов

Зулайхо Усмонова: “Якумаш, ин анъанаи мо аст ва онро ба зудӣ инкор карда ё нест карда намешавад. Дуюм, ҳаёти имрӯзаро ба инобат гирифтан даркор аст. Имрӯз арзишҳое, ки мо одамҳои калонсол доштем, дигар мешаванд ва бачаҳову духтарҳои имрӯза метавонанд арзишҳои дигар дошта бошанд. Барои онҳо мумкин аст, ки маҳру ин чизҳо муҳим набошанд. Ман фикр мекунам, тарафи домоду келин бояд муҳокима кунанд ин масъаларо пеш аз тӯй ва ба ягон хулосае биёянд, ки ду тарафро қонеъ кунад. Ҳоло як раванди ҷаҳонишавӣ аст, ин раванд хоҳем ё нахоҳем анъанаҳои зиёдеро аз байн мебарад. Тарафи домод баъзан фикр мекунанд, ки онҳо қалин медиҳанду духтарро харида мегиранд ва ӯро баъдан чун як ғулом истифода мебаранд. Мегӯянд, мо барои ту пул додем, бояд ту ин ҷо хизмат кунӣ. Ин ҳам иштибоҳи калон аст.”

Радиои Озодӣ: Чӣ мешаварат медиҳед? Ҳангоми хостгорӣ ё издивоҷ оилаҳо бояд бештар ба чӣ таваҷҷӯҳ кунанд?

Зулайхо Усмонова: “Ба фикри ман, бояд ҳамчун шахсони ботамаддун кор кунем. Аслан ин як шакли созишнома аст байни ду хонавода ва дар он ҳамаи хароҷоте, ки кардем ишора кунем. Дар он бояд гуфта шавад, ки агар ин ҷуфт ҷудо шавад, кадом ҷиҳоз ба ин тараф мераваду кадомаш ба он тараф. Яъне масъалаи ҷудошавиро ҳам бояд муҳокима кунанд, ки баъдан бо ин таҷҳизот мо чӣ кор мекунем? Ё дар як коғаз ин чизро дарҷ намоянд.”

Таври маълум солҳои охир мақомоти Тоҷикистон аз ҷудошавии оилаҳо ё афзоиши талоқ зиёд нигаронӣ мекунанд. Як ҳуқуқшинос чанде пеш дар ин маврид гуфт, баъди аз ҳам пошидани оилаҳо ҳамин маҳр ё ҷиҳози арӯс барои ҳарду ҷониб дардисарсоз ва сабаби печидаву идомадор шудани ҷанҷолҳо мешавад.

Аз ин рӯ, ба андешаи ҷомеашинос, ин масъала бояд ҳанӯз замони мувофиқа дар мавриди маҳр ба назар гирифта шавад ва ду ҷониб бояд тасмиме бигиранд, ки ба касе ҷабр нашавад. Ба назари баъзе аз коршиносони дигар решаи масъаларо на дар маҳру қалин, балки боз ҳам дар мушкилоти иқтисодӣ ва вазъи молии хонаводаҳо мебинанд.

Барномаро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Салом хоҳар. Пули маҳр (қалин) зиёд аст?