Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи якшанбеи 28-уми январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Доҳа соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе) сар мешавад.
Бозии дигари 1/8-ниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Индонезия 28-уми январ дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади Доҳа соати 14:30 бо вақти маҳаллӣ (16:30 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозии 1/8-ниҳоӣ муқобили мунтахаби Имороти Муттаҳида Арабӣ, ки 27-уми январ доир гардид, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, гуфт, “дар бозӣ бо тими миллии Иморот мо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза хоҳем бурд. Вақте имконият ҳаст, бояд пеш равем. Дигар дар марҳилаи гурӯҳӣ нестем. Ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё баромадан як ҳангомаи бузург буд, аммо акнун беш аз инро мехоҳем. Мо танҳо барои ғалаба кӯшиш мекунем."
“Мунтахаби Иморот пурқувват аст, онҳо бозигарони ботаҷриба доранд. Ҳоло ба тими миллии Иморот сармураббии нав омадааст. Ин бозии хеле ҷолиб хоҳад буд. Дар рақобат бо Иморот имкони дастаҳо панҷоҳ бар панҷоҳ аст,” – афзуд ӯ.
ДОВАРОНИ БОЗИИ ТОҶИКИСТОНУ ИМОРОТ АЗ ҶОПОН
Довари марказӣ довари 37-солаи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Араки Юсуке мебошад, ки қаблан дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Покистон ва Тоҷикистон (1:6) кор кардааст.
Ҳамватанонаш Ҷун Михара ва Такуми Такаги ба ӯ кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ вогузор шудааст. Иида Юмпей аз Ҷопон ва ёвараш Сивакорн Пу-Удом аз Тайланд масъулони VAR мебошанд.
Ёдовар мешавем, марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар, ки бо иштироки 24 тими миллӣ дар шаш гурӯҳ баргузор шуд, 25-уми январ ба поён расид ва ҳамаи ҷуфтҳои 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 муайян гардиданд.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия ва Узбекистон (“В”), Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“С”), Ироқ ва Ҷопон (“D”), Баҳрайн ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ ва Тайланд (“F”) ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.
Инчунин аз байни дастаҳои ҷойҳои сеюм, ки нишондодҳои хубтар доштанд, чаҳор даста - Урдун аз гурӯҳи “Е”, Фаластин аз гурӯҳи “С”, Сурия аз гурӯҳи “В” ва Индонезия аз гурӯҳи “D” ба ҳаққи ширкат дар 1/8 финал мушарраф шуданд.
Дар сурати ба даври чорякниҳоӣ баромадан, мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал бо ғолиби ҷуфти Ироқ - Урдун рақобат хоҳад кард.
Ҷоми Осиё-2023
1/8 ФИНАЛ
28-уми январ (якшанбе)
Австралия – Индонезия. 16:30
Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад
Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ. 21:00
Доҳа, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
29-уми январ (душанбе)
Ироқ – Урдун. 16:30
Доҳа, Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа
Қатар – Фаластин. 21:00
Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт
30-юми январ (сешанбе)
Узбекистон – Тайланд. 16:30
Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб
Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ. 21:00
Ал-Райян, варзишгоҳи EDUCATION CITY
31-уми январ (чоршанбе)
Баҳрайн – Ҷопон. 16:30
Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама
Эрон – Сурия. 21:00
Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа
1/4 ФИНАЛ
2-юми феврал
Бозии аввал, 16:30
Ал-Райян, врзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ
Тоҷикистон/ Иморот – Ироқ/Урдун
Бозии дуюм, 20:30
3-юми феврал
Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб
Австралия / Индонезия – Арабистони Саудӣ/Ҷумҳурии Корея
Бозии 3-юм, 16:30
Ал-Райян, варзишгоҳи EDUCATION CITY
Эрон/ Сурия - Баҳрайн/Ҷопон
Бозии 4-ум, 20:30
Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт
Қатар / Фаластин - Узбекистон/ Tайланд
НИМФИНАЛ
6-уми феврал, 20:00
7-уми феврал, 20:00
ФИНАЛ
10-уми феврал, 20:00
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.