"1700 сомонӣ пурсиданд. Ин сад дарсад гарон аст. Маҷбур ҳастам, ки бисупорам, вагарна мошинро на сабтином мекунанд ва на аз қайди давлатӣ берун меоранд. Қарз мегирам, ночорам," -- гуфт сокини шаҳри Душанбе Илҳоми Абдуқодир.
Ӯро рӯзи 25-уми январ дар назди Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Душанбе дидем.
Дар ҳамин идора ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муқаррароти нав аз аввали имсол ба иҷро даромад. Баъд аз он ки банди нав дар қонун "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" 27-уми декабри соли гузашта қабул ва дар матбуоти давлатӣ нашр шуд.
Саймуддин Ҳасанзода, намояндаи Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, гуфт, пардохт якдаъфина аст: "Барои тамоми воситаҳои нақлиёт ҳангоми сабтином ё муоинаи техникӣ танҳо як бор месупоранд. Пул барои як воситаи нақлиёт танҳо як дафъа гирифта мешавад."
- Барои мошинҳои сабукрав ва мусофирбарҳои хурду калон – 1584 сомонӣ;
- Барои мошинҳои боркаш ва махсус – 2880 сомонӣ;
- Барои мототсиклҳо – 360 сомонӣ.
Дар қонун "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" гуфта шудааст, ки пули пардохтаи ронандагон то давраи маҳви мошин эътибор дорад.
"Ҳамааш барои беҳбуди давлат аст, на барои беҳбуди шароити мардум. Вазнинии ин андоз ба сари нафари аввалест, ки мошинро мехарад. Соҳибони ояндаи мошин ин маблағро пардохт намекунанд," – гуфт ронанда Ҷовид Нарзиев.
Ӯ тахмин мезанад, ки эҳтимол афзоиши мошинҳои нисбатан кӯҳна дар кӯчаҳои шаҳр мақомотро барои ба роҳ мондани андози маҳви нақлиёт водор кардааст. Бархе дигар садамаҳои афзунро дар Тоҷикистон далел меоранд, ки дар пайи он бисёре аз мошинҳо аз истифода мебароянд.
Дар ҳар сурат, Фозилҷон Фатҳуллоев, шореҳи иқтисодӣ, андози маҳви мошинҳоро дар Тоҷикистон “бисёр баланд” донист. Ба ҳисоби ӯ, бо назардошти пули муоинаи техникии мошин ва молиёту пардохтҳои дигар, арзиши нақлиёт ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон мошини сабукрав истеҳсол намешавад. Аксаран мошинҳои дасти дувумро аз Аврупо, Чин, Куриё, Русия ва Амрико меоранд.
Вазорати нақлиёт дар моҳи апрели соли 2023 хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ дар умум беш аз 577 ҳазор мошин ҳаст. Баъзе аз хабарнигорон ҳисоб кардаанд, ки давлат бо ситондани андози нав аз ҳар яке аз ин мошинҳо қариб як миллиард сомонӣ даромад хоҳад гирифт.
"Шакке нест, ки ҳамасола маболиғи ҳангуфте вориди будҷе мешавад, аммо ин маболиғ дар куҷо ва чигуна сарф мешавад, маълум нест, касе ҳам посухгӯ нест. Бо ин ҳама, маоши муаллим, пизишк ва дигар кормандони давлатӣ дар пойинтарин сатҳ аст. Чиро? Ин пулҳо куҷо меравад?" --навиштааст рӯзноманигори мустақил Исфандиёри Одина дар ҳамин мавзуъ ва дар Фейсбук.