Ваъдаи шаҳрвандии Украина ба ҷангиёни хориҷӣ

Сентябри соли 2023. Президенти Украина Владимир Зеленский аз як бригадаи артише дар самти Бахмут дидан мекунад

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 22 январ дар бораи таҳияи тарҳи қонуне хабар дод, ки ба ҷангиёни хориҷие, ки дар сафи нирӯҳои украинӣ зидди Русия меҷанганд, шаҳрвандии Украинаро ваъда медиҳад.

Дар оғози ҷанг соли 2022 ҳазорҳо ҷангиёни хориҷӣ ба Украина барои мубориза зидди артиши Русия шитофтанд. Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки тарҳи қонун доштани ду шаҳрвандӣ, ба ҷуз шаҳрвандии Русияро иҷоза хоҳад дод.

Зеленский гуфт, қарореро бо номи “Дар бораи қаламравҳои Федератсияи Русия, ки таърихан макони зисти украиниҳо буд” имзо кард. Вебсайти “Медуза” менависад, манзур минтақаҳои Краснодар, вилоятҳои Белгород, Воронеж, Курск ва Ростов мебошад. Ҷузъиёти аз ин зиёд феълан дар даст нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Имзо накардам, заданд." Ихроҷи ду тоҷик аз Русия барои саркашӣ аз ҷанг. ВИДЕОАз оғози сол беш аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандии Русия даст кашидаандХушбахтро, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар Конибодом дафн карданд. ВИДЕОЭҳтимоли эълони “мобилизатсия”-и нав дар Русия. ВИДЕО