Суқути ҳавопаймои русӣ дар Бадахшон. Толибон мегӯянд, 4 сарнишин зиндаанд

Мақомоти рус рӯзи 21-уми январ хабар доданд, ки чаҳор тан аз сарнишинони як ҳавопаймои ин кишвар, ки бо ҳадафи ёрии таъҷилӣ парвоз анҷом медод, дар яке аз минтақаҳои куҳистонии шимоли Афғонистон зинда пайдо шудаанд.

Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ҳукумати Толибон ҳам шоми якшанбе аз пайдо шудани боқимондаҳои як ҳавопаймои вожгуншудаи Русия дар вилояти Бадахшони Афғонистон хабар дод. Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати Толибон, ин ҳавопаймо дар вулусволӣ ё ноҳияи Кӯфоб суқут кардааст. Ин минтақа бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.

Ба гуфтаи Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ҳукумати Толибон, чаҳор тан аз сарнишинони ин ҳавопаймо наҷот дода шудаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар шабакаи Х (Твиттери пешин) гуфтааст, ки талошҳо барои пайдо кардани дигар сарнишинони ҳавопаймо идома дорад. Бархе расонаҳои дигар гузориш додаанд, ки ду сарнишини дигари ин ҳавопаймо дар натиҷаи ин ҳодиса ҷон бохтаанд.

Хонмуҳаммад Ҳоҷӣ Асад, раиси дафтари раиси вилояти Бадахшони Афғонистон шаби гузашта ба Радиои Озодӣ дар бораи ин ҳодиса гуфт, ҳавопаймо дар ноҳияи Кӯфоб суқут кард. "Шаш нафар дохилаш буд, ки ду танашон мурдаанд ва чаҳор тани дигар зинда мебошанд", -афзуд раиси дафтари раиси вилояти Бадахшон.

Ин изҳороти Толибон аз сӯи манбаъҳои дигар тасдиқ нашудааст.

Ҳавопаймо аз Тайланд ба Русия парвоз мекард ва қарор буд пеш аз расидан ба Маскав, дар Ҳинд ва Узбекистон маводи сухт бигирад. Пеш аз нопадид шудан аз радар, аз яке аз фурудгоҳҳои Ҳинд маводи сӯхт гирифта буд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки сафорати ин кишвар дар Кобул дар мавриди ҳодиса бо мақомҳои ҳукумати Толибон аз наздик дар тамос аст. Ӯ аз оғози фаврии амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти сарнишинон аз сӯи ҳокимони феълии Афғонистон хабар додааст.

Тибқи эъломияи мақомоти Идораи ҳавонавардии Русия, ҳавопаймои хусусӣ дар соли 1978 дар Фаронса сохта шуда буд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ҳавопаймои “Falcon 10” аз ширкати "Атлетик Групп" буда, дар дохилаш шаш нафар, чор сарнишин ва ду мусофир дошт. Ба гуфтаи мақомоти рус, ҳавопаймо бо ҳадафи ёрии таъҷилӣ парвози чартерӣ анҷом медод.

Хабаргузории русии РИА Новости ба нақл аз як манбаъ дар яке аз фурудгоҳҳои Тайланд гузориш дод, ки гуфтааст, як ҷуфти русӣ мусофирони ҳавопаймо буданд ва аз он сабаб, ки вазъи саломатии зан нохуб буд, ҳамсараш тасмим гирифт, ки ӯро тариқи ин ҳавопаймо ба Маскав интиқол диҳад. Дар идома омадааст, ки ҳамсари ин зан тоҷир аст ва барои интиқоли ҳамсараш пули тамоми парвозро барои ду тан пардохта буд.

Расонаи русии "SHOT" гузориш додааст, ки ҳамаи сарнишинони ин ҳавопаймоҳо шаҳрвандони Русия будаанд. Ба нақли ин сайти русӣ, 25 дақиқа пеш аз онки ҳавопаймо аз системаи радар нопадид шавад, халабон ҳушдор додааст, ки маводи сӯхт дар ҳоли тамом шудан аст ва онҳо талош мекунанд, то дар яке аз фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон фуруд оянд. Бархе расонаҳои дигар навиштанд, ки қарор буд ин ҳавопаймо дар фурудгоҳи Кӯлоб фуруд ояд.