Бархе аз низомиёни пешин, ҳаҷми маоши кормандони идораҳои қудратиро нокофӣ медонанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон бо нашри хабаре фармони президентро дар ин бора тавзеҳ дода, гуфт, маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 дарсад афзоиш меёбад.
Мақомот бар ин назаранд, ки боло бурдани ҳаҷми маош вазъи зиндагии низомиёнро беҳтар мекунад. Як корманди пешини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити феълӣ маоши кормандони сохторҳои низомӣ кофӣ нест: “Ман қариб ду сол зиёдтар мешавад дар мақомот кор намекунам. 1700 сомонӣ маош мегирифтам, вале ин ба зиндагӣ намерасонд. Ҳамин мушкил аст, ки ман дар фикри он нестам, ки дигарбора ба кор баргардам. Як бор бубинед нархи роҳкиро ва сӯзишворӣ чанд шуд.”
Дар назар аст, аз якуми июли имсол дастмузди дигар кормандони соҳаи буҷавӣ, стипендияҳои донишҷӯён 40 ва нафақа 30 дарсад зиёд шавад.Бозоршинос Абдураҳмон Ҳакимзода, рӯзи 18-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба онки нархи маҳсулот зуд-зуд боло меравад, сокинон афзоиши маошро чандон эҳсос нахоҳанд кард.
Вай мегӯяд, афзоиши маошро бо болоравии арзиши маҳсулот муқоиса карда, баъдан ба чунин хулоса омадааст: “Мушкил ин аст, ки 30-40 дарсад ҳаҷми маошу нафақа боло меравад, вале дар баробари ин нархҳоро нархҳо боз боло мераванд. Барои ҳамин ин самаранокӣ ё бартарӣ намедиҳад. Ин дар ҳоле боиси беҳбудӣ мешавад, ки нархҳо мӯътадил нигоҳ дошта шаванду назорат дар ин самт бошад. Дар ин сурат бештар ба манфиати мардум хоҳад шуд. Масалан, орд 240 аст, 280-300 сомонӣ мешавад. Дар чунин ҳол чӣ хел кормандони соҳаҳои буҷавӣ метавонанд, бештар шудани маошро эҳсос кунанд? Нарх ба даромад мувофиқат намекунад.”
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои пеш низ маоши кормандони буҷавиро боло бурдааст. Дар пай боло бурдани маош, нигарониҳо аз афзоиши нархҳо низ садо медиҳад. Раҳматулло Зубайдуллоев, мушовири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон бештар аз 30 сол боз дар идораҳои давлатӣ кор мекунад. Мегӯяд, дар ин муддат бори аввал аст, маоши онҳо 40 дарсад боло бурда мешавад: “Маоши ман 1117 сомонӣ аст, ҳисоб кардам, баъди 40 фоиз зиёд шудан қариб 1500 сомонӣ мешавад. Бояд сариштакорона истифода барам, то барои зиндагӣ расад.”
Вай афзуд, аз хабари боло бурдани маош хурсанд шуданд, чун дар шароити феълӣ хонаводаҳое мисли онҳо ниёз ба даромади бештар доранд. Бо афзоиши маоши сокинон, музди ҳадди аққал ҳам дар кишвар бештар шуда, 800 сомонӣ муқаррар хоҳад шуд. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ аст.
Пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи ҳаҷми дастмуздашон назарҳои гуногун доранд. Яке аз ҳамсуҳбатон таъкид намуд, ки “ҳадди аққал маош чаҳор ҳазор сомонӣ бошад, шояд барои зиндагӣ расонад”.
Мусоҳиби дигар, ки худро омӯгор муаррифӣ намуд, афзуд, ки “якуним ҳазор сомонӣ маош мегирад, ки кофӣ нест ва барои пеш бурдани зиндагӣ дуввуним, се ҳазор шояд лозим бошад”.
“Ҳазор сомонӣ мегирам, зиёд шавад, ҳазору 400 сомонӣ гирам бо ҳамин ҳам шукр мекунем. Ин хуб аст”-гуфт, як роҳгузари дигар.
Маош ва нафақа дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои минтақа яке аз пасттаринҳост ва дар гузашта коршиносон борҳо таъкид кардаанд, нокофӣ будани маош сабаби фасод дар идораҳои давлатӣ, тарки мутахассисон аз кор шуда, ба самаранокии кор таъсир мегузорад.