Се тоҷики истисморшуда дар Мянмарро ба Душанбе баргардонданд

Ному насаб ва ҳуввияти ҷабрдидагон ба ризояти онҳо ошкор намешавад. Акс аз вебсайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст.

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз роҳи фиреб ба Мянмар, як кишвари дур ва ноором дар ҷанубушарқи Осиё бурда истисмор кардаанд, ба кишвар баргардонданд.

Дар баёнияи расмии вазорат, омадааст, 20-уми январи соли 2024 зимни ҳамоҳангии сафорати Тоҷикистон дар Малайзия ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти Таиланд, сафорати Мянмар дар Малайзия, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Миссияи Байналмилалии Адлия, се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Мянмар қурбонии қочоқи инсон шуда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.”

Дар баёния омадааст, ки мақомот ба ин афрод кумакҳои равонӣ ва офиятбахшӣ мерасонанд ва саъй доранд, ки дигар чунин ҳолатҳо пеш наоянд. Бино ба гузоришҳо, кадом як гуруҳи ҷиноӣ дар Телеграм ба ин афрод дар Таиланд кору музди хуб ваъда дода, вале бар хилофи ваъда ба Мянмар бурда, истисмор кардааст.

Маълум нест, онҳоро ба иҷрои кадом кор маҷбур кардаанд. Аз Тоҷикистон, ки сатҳи бекорӣ дар он баланд аст, солона даҳҳо нафар дар Русия ва кишварҳои арабӣ рафта, ба доми қочоқбарони инсон меафтанд ва сӯистифодаву истисмор мешаванд, вале бори аввал аст, ки дар бораи ба дасти қочоқбарони инсон афтодани тоҷикон дар Мянмар гузориш мешавад. Бар асоси муқаррарот, ному насаби ҷабрдидагон бе ризояти онҳо ошкор намешавад.