Дилрабо ҳафт сол пеш, замоне, ки ҳанӯз 16-сола буд, бо як ҷавони чанд сол бузургтар аз худаш издивоҷ кард. Мегӯяд, ба ин издивоҷ барои он розӣ шуд, ки баъди марги падар, модараш бо марди дигар издивоҷ кард ва ӯро ба тарбияи тағояш гузошт.
Ба нақли ӯ, зиндагӣ на бо падарандар ва на дар хонаи тағо осон набуд ва ӯ хост, бо як хеши дурашон издивоҷ карда, аз ин мушкилиҳо раҳо шавад. Аммо издивоҷи бармаҳал ба гуфтаи худаш дер давом накард.
Дилрабо дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки бо шавҳараш ҳамагӣ ду сол зиндагии якҷоя дошт, аммо баъди зулму ситами зиёд аз дасти бо як писар ҷудо шуд ва ҳоло сарсону саргардон аст.
Дилрабо: “Агар он вақт модарам маро дастгирӣ мекард, танҳо намегузошт, шояд ба ин рӯзҳо намерасидам. Ман мехоҳам, гӯям, ки модарон набояд фарзандонро аз домани худ дур кунанд. Фақат модар фикри фарзандро мекунад, дигар касе дар фикри ту нест."
Дилрабо то синфи 7 дар мактаб таҳсил кардааст. Замоне, ки ҳамсинфонаш синфи ёздаҳ мехонданд, Дилрабо аллакай писарашро ба дунё овард. Аз он афсӯс мехӯрад, ки ба хотири издивоҷ натавонист, мактаби миёнаро хатм ва ҳунареро аз худ кунад:
“Мумкин ҳамон вақт модарам маро аз мактаб-интернат намегирифт, ман ҳоло коргар будам, худамро хӯрондаву пӯшонида метавонистам. Ҳозир, ки хондагӣ нестам азоб мекашам”.
Дар Тоҷикистон издивоҷ аз ҳаждаҳсолагӣ иҷозат аст, аммо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла бепарастор мондан, ҳамли барвақт ё бемории шадиди наздикон, ноболиғон метавонанд, бо иҷозаи додгоҳ дар 17-солагӣ оиладор шаванд.
Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки танҳо дар як соли 2022 дар Тоҷикистон бештар аз чаҳор ҳазор ноболиғ бо ризоияти додгоҳҳо издивоҷ кардаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна дар як рӯз никоҳи 11 нафаре сабт шудааст, ки синнашон ба ҳаждаҳ нарасидааст. Ин рақамро Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо такя ба омори Додгоҳи олии Тоҷикистон нашр кардааст.
Омбудсмени Тоҷикистон дар гузориши худ ба Созмони Милал гуфтааст, қонунгузорӣ ҳолатҳои истисноии кам кардани синни никоҳиро мушаххас нишон надодааст. Ҳолати мазкур боис ба он мегардад, ки ҳамасола шумораи зиёди аризаҳо дар бораи кам кардани синни никоҳӣ аз ҷониби додгоҳҳо қонеъ карда мешаванд.
Суҳайлӣ Қодирӣ, масъули ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рузи 12-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин омори хеле зиёд аст. Ҳамеша созмонҳои байналмиллалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва худи мавқеи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамин аст, ки мо бояд ин меъёрро кам накунем. Бояд издивоҷ аз 18- солагӣ иҷозат бошад. Бояд марҳила ба марҳила ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шавад, ки ҳамин гуна кам кардан аз коргузорӣ бароварда шавад”.
Ҳомиёни ҳуқуқ издивоҷҳои бармаҳалро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, онҳо аз таҳсил, фаъолият ва рушд дар канор мемонанд. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарон таъсир гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад.
Шоҳсанам Қарабоева, як масъули созмони “Ғамхорӣ”, ки занони озордида кор мекунад, мегӯяд, гоҳо аз волидон аз ҳолатҳои истисноии қонун сӯиистифода мекунанд.
Шоҳсанам Қарабоева: «Падару модар вазифадоранд, ки ба духтар аққалан ягон ҳунар омӯзад. То синфи нӯҳ маҷбур ба мактаб меравад, баъд таҳсили синфи 10 ва 11, ки хоҳиши худи кӯдак аст, бо ҳамин баҳона як роҳи осон дигар духтарон ба мактаб намераванд. Як сол пеш зане омад, духтараш қариб 17-сола буд, гуфт, ӯро ба шавҳар дода истодааст. Ба зан фаҳмондам, ки ин духтарак, ҳоло кӯдак аст, баъдан ин кори шумо дарди сар мешавад. Ба он зан фаҳмондам, ки ин синну соли ба балоғат расидан аст, шумо ӯро фаҳмонед. Вале баъди як сол ҳамон зан омад, духтарашро бо як фарзанд аз хонаи шавҳар ронданд. Вақте бо хушдоманаш сӯҳбат кардам, гуфт ин духтар аслан барои зиндагӣ омода нест. Ҳатто субҳ аз хоб барвақт намехезад».
Дар Тоҷикистон соли 2010 синни издивоҷ як сол боло бурда шуд ва ҷавонон аз 18-солагӣ ҳаққи барпо кардани оиларо ба даст оварданд. Мақомот гуфта буданд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқи духтарон роҳандозӣ мешавад, то тавонанд дар синни балоғат ва огоҳона оила барпо кунанд.
Як далели дигараш “ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва мусоидат дар таҳсили духтарон буд". Вале бо вуҷуди ин, баъзе аз хонаводаҳо барои издивоҷи пеш аз вақти духтар огоҳона шароит фароҳам мекунанд.
Дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ба таҳсили духтарон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва баръакс талош мекунанд, ки духтари наврасро ҳарчӣ зудтар "бо обрӯ" ба хонаи “бахт” гусел кунанд. Ба хонае, ки аз он аксаран бадбахт бармегарданд.