Хабаргузории давлатии ТАСС аз қавли намояндагони Вазорати тандурустии Нижний Новгород навишт, ки дар садама ду кас ҷон бохта, нӯҳ нафар маҷрӯҳ шуданд.
Зафар Муъминов, раиси Ҷамъияти тоҷикони “Умед” дар Нижний Новгород, рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни маҷрӯҳон "3 шаҳрванди Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди Узбекистон ҳастанд". Пештар расонаҳои Русия бо такя ба мақомоти маҳаллӣ “ҳамаи маҷрӯҳонро шаҳрванди Тоҷикистон гуфта буданд”.
Ба иттилои Муъминов, онҳо кормандони ширкати сохтмонии "Каркас Монолит" ҳастанд. "Дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки шоми 12-уми январ ҳангоми ба ҳам бархӯрдани автобуси кории онҳо ва мошини борбари ПАЗ ронанда – шаҳрванди Русия дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Нафари дуюми ҳалокшуда ҳам ронандаи мошини борбар будааст," -- гуфт ӯ.
Вазорати тандурустии вилояти Нижний Новгород бидуни мушаххасоте 13-уми январ гуфт, нафари дуюм дар ҳолати сангин буд ва рӯзи шанбе дар беморхона даргузашт.
Муъминов гуфт, бо осебдидаҳо, ки дар беморхонаҳои марказии ноҳияи Кстовский ва ҳам беморхонаи вилоятии Нижний Новгород ба номи Семашко бистарӣ шудаанд, суҳбат кард.
Вай гуфт, "ҳолати ҳамаи онҳо – ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон муътадил аст, ҳеч нафар дар ҳолати сангин қарор надорад." Ба иттилои ӯ, се шаҳрванди осебдидаи Тоҷикистон зодагони ВМКБ мебошанд.
"Қазияро Субҳон Амирхонзода, раиси намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Приволжскии Русия ҳам таҳти назорат қарор додааст," -- илова кард ҳамсуҳбати мо.
Мақомот дар вилояти Нижний Новгороди Русия ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, садамаро таҳқиқ мекунанд. Рӯзи 13-уми январ Вазорати тандурустии ин вилоят гуфт, чор нафари осебдида дар беморхона мемонанд ва дигаронро баъди расонидани ёрии тиббӣ барои идомаи муолиҷа ба хона ҷавоб доданд.
Бар асоси хулосаҳои пешакӣ, сабаби рӯй додани садама ба самти муқобили ҳаракат баромадани автобуси ПАЗ гуфта мешавад, ки дар натиҷа бо мошини борбари «Амур» бархӯрд кардааст. Мақомоти муҳоҷирати вилояти Нижний Новгород мегӯянд, аксари коргарони хориҷӣ дар ин вилоятро шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Вебсайти «ФедералПресс» бо такя ба раёсати умури муҳоҷирати ВКД-и ин вилоят мегӯяд, дар 11 моҳи соли 2023 дар Нижний Новогод 36921 патент ва 667 иҷозаи кор сабтином шуд ва аксари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ташкил медиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"То 13 ҳазор рубл". Патент дар Русия аз соли нав гаронтар шудТитов гуфт, аз муҳоҷирон натарсед, вале дар "бало" монд. ВИДЕОГуфтаи Э.Раҳмон дар бораи "нафси бад" чӣ маънӣ дошт?Якеро сар буриданду... Ёдоварӣ аз марги пурсарусадои чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО"5000 коргар намерасад." Чаро ба "Роғун" не, ба Русия мераванд?