Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳалли баҳси марзӣ "наздик" шудаанд

Камчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов

Раҳбарони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон гуфтаанд, ки 15 километри дигари марзи баҳсӣ дар миёни ду кишварро муайян кардаанд.

Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд мулоқот кардаанд.

Расонаҳои Қирғизистон аз қавли Тошиев гуфтаанд, ки ҷонибҳо ба "созиши усулӣ" даст ёфтаанд ва мунтазири созиши ниҳоӣ ҳастанд.

Аз ин пеш, Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия рӯзи 10-уми январ ба расонаҳо гуфта буд, ки аз мақомоти Қирғизистон “хабари хуш гирифт”, ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон "ҳал шудааст" ва интизор меравад, созишнома моҳи марти имсол имзо шавад.

Ӯ афзуд, дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон тавонист, “тасдиқи ин хабарро бигирад.”

Содир Ҷабборов ҳанӯз 11-уми декабри соли 2023 дар маросими ифтитоҳи як мактаб дар деҳаи Оқсой гуфт, хати сарҳад бо Тоҷикистон то баҳори соли 2024 мушаххас хоҳад шуд.

Мансабдорони Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯянд ва санаи мушаххасеро ҳам барои поёни баҳси марзӣ эълон накардаанд.

Бо ин ҳол вазири корҳои хориҷии Туркия ҳал шудани баҳси марзиро “иқдоми бузург барои таъмини амният ва субот дар минтақа” номид.

Дар аввали моҳи декабри соли гузашта роҳбарони кумисюнҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтанд, беш аз 90 дарсади хати сарҳад мувофиқа шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.

Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.