Абдуҷаббор Абдумаликов, сокини шаҳри Душанбе баъди 47 соли омӯзгорӣ бознишаста шуд ва ҳоло давлати пирӣ меронад. Бо он ки имсол ба синни 93 расидаву ба гуфтаи худаш, дигар ҳамсоли зиёд ҳам надорад, пирӣ ӯро чандон бемору барҷомонда накардааст. Сарфи назар аз ин синну соли бузург, роҳ рафтан барояш чандон мушкил нест ва ҳар гоҳе хумори пайвандонаш гирад, бидуни кӯмаки касе ба дидорбинии онҳо меравад.
Мусоҳиби дарозумри мо сирри ба синни 93 расидани худро чунин қисса кард: "Хӯроки солим, ҳаракати зиёд ва зиндагии хуб. Аз тарафи дигар оромиву осудагӣ, чӣ дар хонавода ва чӣ дар давлат, барои дарозумрии инсон мусоидат мекунад. Медонед, агар одам шод набошад, ҳеҷ кор карда наметавонад. Вақте инсон шод асту ором аст, зиндагӣ ҳам хуб пеш меравад".
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор шахсони аз 60-сола боло зиндагӣ мекунанд, ки шаш дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Онҳое, ки мисли Абдуҷаббор Абдумаликов аз 80-сола бузургтар ҳастанд, 56 ҳазор нафар будаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш моҳи декабри соли 2023 гуфт, умри миёнаи сокинон дар Тоҷикистон дар солҳои раҳбарии ӯ ба 76 сол расида, фавт ду баробар кам шудааст.
Ӯ зиндагии беҳтарро сабаби дарозумрии сокинон номид, ҳарчанд сокинони Тоҷикистон дар қиёс ба шаҳрвандони дигар кишварҳои минтақа маошу нафақаи камтар мегиранд.
Як пурсиши Радиои Озодӣ ҳам миёни афроди солманд нишон дод, ки онҳо сирри дарозумрии худро ба чанд омил рабт медиҳанд. Яке шароити хуби зиндагиро сабаб донист, дуюмӣ гуфт, кори ҷисмониву гаштугузор дар ҳавои тоза боиси дарозумрӣ мешавад. Аммо мутахассисон мегӯянд, ҳар кас метавонад ба ин син бирасад.
Саодат Камолова, як мутахассиси Вазорати тандурустӣ мегӯяд, “омили генетикӣ ё ирсӣ ва тарзи ҳаёти солим” метавонад сабаби дарозумрӣ шавад.
Ба таъкиди Камолова, зиндагии хуби хонаводагӣ, вазъи иқтисодӣ, дастрасӣ ба кор ва оромии равонӣ аз омилҳои дигари дарозумрӣ ҳастанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ мекунад, ки теъдоди шахсони аз 60-сола боло дар кишвар то соли 2030 ёздаҳуним дарсади аҳолиро ташкил хоҳад кард. Мутахассисон мегӯянд, ин метавонад мушкилиҳоро ҳам ба дунбол дошта бошад.
“Пиршавии аҳолиро олимон як инқилоби ором меноманд. Бисёр мушкилӣ пайдо мешавад - дар соҳаҳои тандурустӣ, пардохти нафақа, нигоҳубини пиронсолон. Агар умри инсон дароз шуд, хоҳу нохоҳ пир мешавад, бемор мешавад, як нафар ба онҳо бояд нигоҳубин кунад. Барои ҳамин, аз ҳоло бояд ҳама вазоратҳо ба раванди дарозумрӣ омода бошанд," - мегӯяд Саодат Камолова, мутахассиси Вазорати тандурустӣ.
Аммо ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, зиндагии онҳое, ки дар деҳот даври пирӣ меронанд, ба фарқ аз дарозумрони шаҳрнишин то андозае осонтар будааст. Вазорати тандурустӣ ҳам гуфт, ки умри миёнаи сокинони рустоӣ дар муқоиса бо шаҳрнишинон 5,2 дарсад бештар будааст. Инро ба он марбут медонанд, ки дар рустоҳо анъанаву арзишҳои суннатии тарзи муносибат бо пиронсолон то ҳанӯз пос дошта мешаванд ва онҳо ҳам дар иҳотаи наздикон худро хушбахттар ҳис мекунанд.
"Аз ҳамон аввал мегуфтаанд, ки одами куҳистон нисбат ба шаҳрнишин 20 сол бештар умр мебинад. Ҳавои тоза, меҳнат ба саломатӣ фоида дорад,"-мегӯяд Неъмат Усмонов, сокини 82-солаи шаҳри Душанбе.
Солмандон дар Тоҷикистон ҳама тақрибан мушкили ҳамсон доранд. Бархе баробари ба нафақа баромадан бо мушкили худ танҳо мемонанд, кор намекунанд, ҷойи рафтан надоранд, атрофиён ва дӯстони худро аз даст медиҳанд. Дар чунин шароит, ба гуфтаи коршиносон, бархе коршиносон худро дар оила сарборӣ мебинанд.
Саодат Камолова мегӯяд, барои он ки инсонҳо дар шароти хуб давлати пирӣ дошта бошанд, бояд дар ҷавонӣ барои худ сармоягузорӣ кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон. Занон дарозумртар аз мардон? ВИДЕОСирри умри 90-сола