Ҳамин масъала ва як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ дар бораи музди кор дар ҳафтаи гузашта баҳси зиёде барангехт. Суол ҳам ин буд, ки дар Тоҷикистон чанд сомонӣ барои зиндагии шоиста кофист?
Маҳз дар ҳамин бора дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Ютубу Инстаграму Фейсбук бештар аз 1000 посухи дигар меёбед ва баъзе аз шарҳҳои ҷолибро ҳамроҳ мехонему мебинем. Аз Фейсбук аз шарҳи корбаре бо номи Парвина шуруъ мекунем, ки ба фарзандони мардум дарс медиҳад:
Як корбари дигаре, ки худро дар Фейсбук Абдуфаттоҳ Шарипов муаррифӣ кардааст, зоҳиран бо киноя аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, музди корро боло набарад, зеро бар зиёни мардум мешавад. Шарҳаш чунин аст:
Фарангис Фаттоева ном корбаре дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст, агар музди кори мардум дар Тоҷикистон басанда мебуд, магар ҳама муҳоҷир мешуданд. Дар тақвияти ин гуфта корбаре бо номи Моҳира чунин шарҳеро дар саҳифаи мо гузоштааст:
Баъзе аз корбарон ҳисоб кардаанд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар маош бигирӣ ё даромади моҳона дошта бошӣ, ки зиндагӣ дуруст гузарад. Яке аз онҳо Беҳрӯз Саидзода аст, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук чунин навиштааст:
Корбари дигаре дар Инстаграм гуфтааст, ду кӯдак дорад ва шавҳараш 4000 сомонӣ мегирад, вале то охири моҳ бепул мемонанд. Дилнозахон гуфтааст, шабу рӯз зарф мешӯяд ва рӯзона аз 50 то 60 сомонӣ мегирад, ки ба ҳеч чиз намерасад. Шарҳи Таҳмина Орифова дар Фейсбук ҳам ҷолиб аст:
Дар ин миён як корбаре, бо номи Абубакр музди камро дар Тоҷикистон сабаби авҷ гирифтани ришвахорӣ ва нарасидани пул барои зиндагӣ номида ва дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм чунин навиштааст:
Ва Толиб Хуросонӣ ном корбаре дар ҷумлаи бештар аз 600 шарҳи корбарони саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст, то вақте ки дар Тоҷикистон фасод аз байн наравад, агар 10 ҳазор сомонӣ маош ҳам бигиред, ба зиндагӣ намерасад.
Толиб дуруст мегӯяд, ё не? Чӣ қадар маош барои зиндагии шоиста дар Тоҷикистон кофист? Посух ва ё шарҳатонро нависед, то дигарон ҳам бидонанд.
Барномаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад