Рӯзи 11-уми январ заминларзае минтақаҳои Тоҷикистонро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “ҳодиса соати 14:20 рӯй дод. Маркази заминларза 250 километр дуртар аз ҷануби шарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буд."
Манбаъ дар эъломияе гуфт, "қувваи зилзила дар маркази он 5 дараҷа, дар ҳудуди ВМКБ, Хатлон, Душанбе, Рашт 3 дараҷа ва дар Суғд 2 дараҷа будааст".
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи талафот ва зарар гузориш нарасидааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Бар асари заминларзаи моҳи марти соли 2023 садҳо кас дар Тоҷикистон зарар диданд.