Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиро дар Ҷоми Осиё бо Чин анҷом медиҳад

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврал дар Қатар доир мегардад, аввалин бозиашро бо мунтахаби Чин баргузор мекунад.

Бозии даври аввал дар гурӯҳи «А» миёни тимҳои миллии Чину Тоҷикистон рӯзи шанбеи 13-уми январ дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифаи шаҳри Доҳа соати 17:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:30 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок хоҳад кард.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» ба ғайр аз Чин бо дастаҳои Қатар (17-уми январ) ва Лубнон (22-юми январ) бозӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар шаҳри Доҳа ба бозии аввалинаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо дастаи Чин омодагӣ мебинад.

ҲАЙАТИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН: АЗ 19 ТО 31-СОЛА

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё дар Қатар 26 футболбоз - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – шомиланд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳам бозигарони пуртаҷриба ва ҳам ҷавонон бори аввал дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Бозигари аз ҳама ҷавони даста нимҳимоятгар Алиҷони Буризод (Айнӣ) 19-сола мебошад. Бозигари аз ҳама бузургсол ҳимоятгар Аҳтам Назаров, капитан ё сарвони даста, 31-сола аст, дигарон аз 20 то 30-солаанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Сармураббӣ – Петар Шегрт

Мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо мунтахаби Чин 4-уми январ дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб дар бозии санҷишӣ тими миллии Ҳонконгро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Мунтахаби Чин бошад, дар бозии санҷишӣ 1-уми январ аз тими миллии Ҳонконг бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ЧИН

Футбол дар Чин маъруфият пайдо кардааст ва комёбиҳои тими миллии кишвар мояи ифтихори миллист.

Тими миллии Чин танҳо як маротиба (соли 2002) ба қисми ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон роҳ ёфта, дар даври гурӯҳӣ ҳамаи бозиҳояшро бохтааст ва илова бар ин, ягон гол назадааст.

Мунтахаби Чин дар Ҷоми Осиё ду бор (солҳои 1984 ва 2004) барандаи медалҳои нуқра ва ду маротиба (солҳои 1976 ва 1992) барандаи нишонҳои биринҷӣ шудааст.

Мунтахаби Чин бозигарони ботаҷриба ва моҳир дорад, ки метавонанд маҳорати худро барои задани гол ва пирӯзӣ истифода баранд.

Сармураббии тими миллии Чин аз соли 2022 Александар Янкович, мутахассиси 51-солаи сербиягӣ, мебошад.

Зимнан, аз бозигароне, ки ба ҳайати тими миллии Чин шомиланд, чаҳор нафарашон ҷавонтар - 26-сола ва чаҳор нафар бузургсолтар – 34-сола мебошанд, дигарон аз 27 то 33-сола ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Чин дар ҷойгоҳи 79-ум ва Тоҷикистон 27 зина поинтар, дар зинаи 106-ум, қарор доранд.

ИШТИРОКИ 24 ДАСТА ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023

24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Узбекистон, Сурия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин – Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст