"То 13 ҳазор рубл". Патент дар Русия аз соли нав гаронтар шуд

Муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Аз моҳи январи соли 2024 нархи патент дар тамоми минтақаҳои Русия боло рафтааст. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар баъзе минтақаҳои Русия патент ба таври назаррас гарон шуд.

Ба навиштаи ин ниҳод, аз ҷумла дар Волгоград, Челябинск, Твер ва Краснодар патент назар ба соли гузашта аз 2 то 3 ҳазор рубл гарон шудааст. Дар баъзе минтақаҳои дигари Русия ба монанди Санкт-Петербург нархи патент назар ба соли гузашта ҳамагӣ 200 рубл боло рафтааст.

Ба навиштаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон, имсол гаронтарин патент дар минтақаи Якутия қариб 13 ҳазор рубл дар моҳ аст. Арзонтарин патент дар Чеченистон 2880 рубл будааст.

Соли 2024 нархи патент дар шаҳрҳои калони Русия чунин муқаррар шудааст:

  • Маскав 7500 рубл
  • Санк-Петербург 4600 рубл
  • Новосибирск 6386 рубл
  • Волгоград 6912 рубл
  • Калининград 6509 рубл
  • Краснодар 10080 рубл
  • Красноярск 8153 рубл
  • Новгород 4637 рубл
  • Омс 5602 рубл
  • Оренбург 5962 рубл
  • Самара 6048 рубл
  • Саратов 7002 рубл
  • Томск 5760 рубл
  • Челябинск 8220 рубл

Муҳоҷирони тоҷик борҳо аз шикоят кардаанд, ки Русия пайваста патентро қимат мекунанд ва ин кор ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Солона аз Тоҷикистон ҳудуди як миллион кас барои кор ба Русия мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо ба гуфтаи созмонҳои молии ҷаҳонӣ дар иқтисоди кишвар нақши назаррас дорад.