Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январ дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид. Худаш маҷрӯҳ шудааст. Ин деҳа чаҳор километр дуртар аз маркази Кӯлоб ҷойгир аст.
Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотӣ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ гуфт, аз маҳалли ҳодиса "боқимондаи маводи худсохти тарканда" пайдо карданд.
"Далелҳо баёнгари онанд, ки маводи тарканда барои аз байн бурдани соҳиби мошин дар зери он ҷойгир карда шудааст. Ҳоло нисбат ба ҳодиса бо банди 104-и Кодекси ҷиноӣ (қасди куштор) парванда боз шудааст. Ҳолатҳои нави дигар пайдо шаванд, имкон дорад, моддаи нав илова гардад," -- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз тафтиши ҳодиса огоҳ аст.
Ба қавли ӯ, барои таҳқиқи ҳодиса як гурӯҳ таъсис додаанд, ки "ба ҳайати он муфаттишон аз Додситонӣ, КДАМ ва ВКД шомиланд."
Як сокини 28-солаи деҳаи Тудакафш ба гумони таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб дар боздошт аст. Мақомот ӯро рӯзи 9-уми январ дар фурудгоҳи Душанбе, пеш аз парвозаш ба Русия, дастгир кардаанд.
Падари ин ҷавон, ки номашро барои то ҳанӯз собит нашудани айби писараш намеорем, рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз боз фарзандаш дар боздошт аст.
"Бароям пурра маълум нест, ки писарамро барои чӣ қапидаанд. Фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки як ҳамсинфаш дар Афғонистон будааст ва ӯро барои ҳамин мепурсанд. Овоза шуда буд, ки ҳамсинфаш барвақт мурдааст, вале намедонам, чӣ гузаштааст," -- гуфт ӯ.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, чаҳор нафари дигар дар ин робита бозпурсӣ шудаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимоли робита доштани ҷавони боздоштшуда бо гурӯҳҳои тундрав таҳқиқ мешавад.
Телефони Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар Кӯлоб рӯзи 10-уми январ хомӯш буд. Дар ҷойи кораш гуфтанд, ки ҳанӯз табобат мегирад.
Ба гуфтаи мақомот, замони таркиши мошин Салим Сайвализода аз назди мошин дуртар будааст. “Ӯ пеш аз савор шудан мошинашро бо пулт рӯшан кардааст, то каме гарм шавад. Ҳамон вақт мошин таркидааст. Ду чархи пеши мошин ва бо ду нишастгоҳи пеш хароб шудааст,” – гуфт як мақоми огоҳ аз қазия.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки ҳоло таркондани мошини як раҳбари маҳаллиашро мақомот “қасди куштор” медонанд, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст.
Раҳбари ин ҳизб президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб ҳастанд ва бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.