Лоиқ Тӯйчиев, сухангӯйи вазорат, рӯзи даҳуми январ гуфт, соли гузашта ҷамъоварии маҳсулоти деҳқонӣ "ба 63028,4 миллион сомонӣ расид". Дар муқоиса ба омори соле пеш аз он, ба гуфтаи ӯ, "109 дарсад зиёдтар".
"Вазорат як чиз мегӯяд, дар воқеият вазъ дигар аст," – бовар дорад коршинос Мизроб Амирбеков.
Ӯ, барои мисол, аз суҳбати як намояндаи Вазорати кишоварзӣ ёд овард, ки моҳи ноябри соли гузашта гуфта будааст, як миллиону 150 ҳазор тонна картошка ҷамъ меоранд. Яъне, 108 кило картошка ба сари ҳар сокини Тоҷикистон.
Аммо Амирбеков мегӯяд, аз тирамоҳи соли гузашта дар бозорҳои ҷумҳурӣ картошкаву сабзии Русияро мефурӯшанд: "Агар воқеиятро бингарем, ҳоло то ҳаштод дарсади картошка дар бозорҳои Тоҷикистон аз Русия оварда шудааст. Вазорат як чиз мегӯяд, аммо дар воқеият вазъ дигар аст. Маълум мешавад, ки дар омори вазорат изофанависиҳое вуҷуд дорад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Омори пешниҳодии Вазорати кишоварзӣ дар гузашта низ мавриди шубҳаи сокинон ва коршиносон будааст. Масъулони ин идора дар соли 2013 дар бораи ҷамъ овардани беш аз як миллион тонна картошка хабар доданд, аммо дертар ин навъи маҳсулот дар кишвар камчин ва гарон шуд.
Ҳоло арзиши як кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон то шаш сомонӣ аст. Лоиқ Тӯйчиев бовар дорад, ки нархи ин маҳсулотро бештар миёнаравон боло мебаранд, вагарна дар дасти деҳқон “каме бештар аз се сомонӣ аст”.
Баъзе аз сокинон аз норасоӣ ва гаронии навъҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла анору ангур, шикоят доранд. Феълан як кило анор аз Эрону Афғонистон ва Чин то 45 сомонӣ ва як кило ангури хушсифат то панҷоҳ сомонӣ аст. Сухангӯи Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ба сабаби сардии зимистони гузашта натавонистанд ҳосили хуби ангуру анор ва хурмо бигиранд.
Сабаби дигари гаронии нархро хабарнигор Сайфиддин Қараев чунин шарҳ дод: "Солҳои пеш мошини “Портер”, ки ду ё се тонна бор мегирад, аз Ҷилликӯл то бозори “Гипрозем”-и Душанбе борро ба ивази дусад ё сесад сомонӣ меовард. Соли гузашта ин рақам то ба шашсад сомонӣ расид, ки сабабаш болоравии нархи сӯзишворӣ мебошад."
Ҳамеша дар бозорҳои Тоҷикистон ҳолате пеш меояд, ки нархи як намуд маҳсулоти кишоварзӣ якбора боло рафта, арзиши як маҳсулоти дигар "ба хоки сиёҳ баробар мегардад". Сабаби асосиро дуруст пешгӯӣ накардан ва ба нақша нагирифтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ медонанд, ҳарчанд дар Вазорати кишоварзӣ гуфта буданд, ки барои таъмини бозор дурнамои киштро таҳия кардаанд.