Носир Хусравов, мураббии варзидаи гуштии миллӣ ва самбо, падари ҷаҳонпаҳлавон Хушкадам Хусравов 9-уми январ дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Носир Хусравов, ки дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд.
Ӯ барои хидматҳои арзандааш дар рушди варзиш соҳиби унвону ҷоизаҳои варзишӣ гардида, шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст.
Яке аз шогирдони ӯ писараш Хушқадам Хусравов мебошад, ки соли 2018 дар шаҳри Бухарести Руминия ба унвони қарамони ҷаҳон дар риштаи самбо дар вазни то 62 килограмм даст ёфтааст.
Хусравов ба ҳайси мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ, сармураббии дастаи мунтахаби самбои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини аввали роҳбари мактаби варзишии вилоят фаъолияти пурсамар дошт.