“Ман ба Русия меравам. 5-6 моҳ дар онҷо кор мекунаму бармегардам. Бисёре аз бачаҳо низ дар онҷо ҳастанд. Дар сохтмон кор мекунанд,” -- нақл кард Шавкат Шарбатов, сокини маҳаллаи Шодоб-1 рӯзи 5-уми январ.
Мусоҳиби дигари мо аз ҳамин маҳалла, Юнус Мирзовалиев, мегӯяд, лӯлиён ба ҷуз аз муҳоҷирати корӣ дар Русия дар бахшҳои гуногун дар дохили кишвар низ фаъоланд.
“Роҳҳоро мумфарш мекунанд. Роҳҳои наздик ба маҳалларо бачаҳои мо дуруст карданд. Баъзеҳо дар донишкада мехонанд. Дар тарафи Регар дар мактабҳо дарс медиҳанд. Мусофирбари хурд меронанд, оҳан ҷамъ меоваранд,” – афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки масъулони маҳаллаи Шодоб-1 дар ноҳияи Варзоб мегӯянд, кӯдакони онҳо ҳамроҳи дигарон дарс мехонанду бо компютер кор мекунанд, ҳанӯз ҳам баъзе аз занону наврасони лӯлӣ ё ҷӯгӣ дар кӯчаҳо ва дар ҳоли талбандагӣ дида мешаванд.
Маҳмадулло Убайдуллоев дар синфи шашуми мактаби Шодоб-1 мехонад. Вай орзу дорад, ки дар оянда пизишк шавад: “Соати дувоздаҳ ба мактаб меравем. Чор-панҷ соат дарс мехонем. Мехоҳам, ки мактабро хатм карда, ба донишгоҳ дохил шавам.”
Дар гузашта баъзе аз коршиносону намояндагони созмонҳои хориҷӣ аз вазъи лӯлиён (ҷӯгиҳо) дар Тоҷикистон, аз ҷумла дур мондани фарзандони онҳо аз таҳсил, ибрози нигаронӣ карда буданд. Омбусмени Тоҷикистон ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар гузорише дар соли 2023 гуфтааст, фарзандони лӯлӣ “пурра ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”.
Аммо дар гузориш бе зикри номи камшуморон навиштаанд, ки “новобаста аз он ки қонунгузорӣ баробарҳуқуқии ҳар як шахсро дар назди қонун ... муқаррар мекунад, баробарии воқеӣ ба пуррагӣ таъмин карда нашудааст.”
Созмони “Мемориал” соле пеш бо пешниҳоди гузорише ба Кумитаи маҳви табъизи Созмони Милал чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро барои беҳтар кардани вазъи лӯлиён нокофӣ хонд.
Муаллифон гуфта буданд, ки ҳукумат ҳеч барномае барои беҳтар кардани дастрасии фарзандони лӯлӣ ба таҳсилу омӯзиш қабул накардааст ва ҳамчунон дар байни ҷомеа тасаввуроти нодуруст ба ин мардум вуҷуд дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Лӯлиҳо ё ҷӯгиҳо бештар дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдату Панҷакент ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Восеъ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд. Пештар теъдоди онҳо на камтар аз 15 ҳазор нафар гуфта мешуд. Омори нав дастрас нест.
Бо вуҷуди баъзе аз дигаргунӣ дар гӯшаҳои лӯлинишин дар Тоҷикистон, пешаи асосии аксари онҳо талбандагӣ ва мушкилашон дурӣ аз таҳсил, бекорӣ, бесанадӣ ва никоҳи бармаҳал мондааст.