Як шаҳрванди Русия, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар пайгард қарор дошт, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 6-уми январ дурбинҳои ташхисдиҳандаи чеҳра шаҳрванд А.Р.-ро сабт кардаанд, ки нисбати вай дар Русия бо моддаҳои "Дуздӣ", "Таҷовуз", "Тақаллуби аснод" парванда боз шудааст.