ДОИШ масъулияти таркиши автобус дар Кобулро ба уҳда гирифт

Шохаи Хуросонии "Давлати исломӣ" ё худ ДОИШ масъулияти таркиши маргбори микроавтобус дар Кобул, пойтахти Афғонистонро бар дӯш гирифт.

Ҳодиса рӯзи шанбе дар минтақаи умдатан шианишини Дашти Барчӣ воқеъ дар ғарби Кобул рух дод.

Гурӯҳи тундрави ДОИШ, рӯзи 7 -уми январ дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм эълон кард, ки ҷангҷӯёнаш дар мусофирбари ҳомили мусалмонони шиамазҳаб, дастгоҳи тарканда гузошта буданд.

Бино ба гузоришҳои мухталиф дар таркиши автобус дар Дашти Барчӣ аз 5 то 16 нафар кушта шудаанд.

Ҳайати СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон хабар додааст, ки дастикам 22 сокини ҳазораҳои Кобул дар ин ҳодиса куштаву захмӣ шудаанд.

Аммо Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳии амниятии ҳукумати Толибон дар Кобул гуфт, дар ин таркиш 2 нафар кушта ва 14 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ ҳама қурбониён афроди ғайринизомӣ буданд.

Гурӯҳи тундрави ДОИШ дар ҳоле, масъулияти таркиш дар Кобулро бар ӯҳда гирифт, ки ҳафтае пеш, сарпарасти Вазорати дифои ҳукумати Толибон дар як нишасти хабарӣ иддао кард, ки ҳамлаҳои ин гурӯҳи даҳшатафкан дар Ағфонистон коҳиш ёфтааст.

Вай гуфт, ки дар ҳамлаҳои террористии ду соли охир дар Афғонистон аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Покистон даст доштаанд, вале ҷузъиёт надод, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон, кадом гуруҳҳоро дар Афғонистон намояндагӣ мекунанд.

Дар минтақаи Дашти Барчӣ, воқеъ дар ғарби Кобул, аксар сокинони ҳазораҳои шиамазҳаб зиндагӣ мекунанд. Дар гузашта ин ҷомеаро ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” зиёд мавриди ҳадаф қарор додаанд.