Хабаргузории ИРНА аз қавли Раёсати муҳоҷирати Кирмон навиштааст, ки Ризо Нурзай, Муҳаммад Қосим Аҳмадӣ, Марями тоҷик, Муҳаммад Матин Аҳмадӣ, Муҳаммади тоҷик Ҳинд, Нозанин Фотима Азизӣ, Заҳро Файзӣ, Назифа Ғафурӣ, Неъматуллоҳи Ачакзай, Рузигул Ализай, аз ҷумлаи афроде мебошанд, ки дар ин воқеа ҷон бохтаанд.
Аммо як расонаи дигари Эронӣ шумори афғонҳои кушташударо дар Эрон 13 нафар гуфтааст.
Рузигул Ализаи 41 сола, ки 25 сол боз дар Киромони Эрон зиндагӣ мекард, бо ду духтари хурдсолаш аз ҷумлаи қурбониёни ин ҳодиса будааст. Як хоҳарзодаи Рузигул ба радиои Озодӣ гуфт: "Рузигул Ализай холаи ман, Маъсума ва Латифа Аҷакзай духтарони ӯ буданд. Ин маросим дар наздикии хонаи онҳо буд, духтаронаш ба он ҷо рафта буданд, холаам ҳам рафт, то онҳоро ба хона биёрад, вақте ду бомб таркид онҳо ҳама шаҳид шуданд».
Ин ҳодиса боиси нигаронии бархе аз муҳоҷирони афғон дар Эрон шудааст. Онҳо мегӯянд, чанд сол пеш ба далели афзоиши ноамнӣ аз Афғонистон ба Эрон овора шуданд, аммо ҳоло дар ин кишвар ҳам амният нест.
Дар бомбгузорие, ки рӯзи сеюми январ дар маросими ёдбуди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи бахши хориҷаи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, дар Кирмон сурат гирифт, 84 нафар кушта шуда, 280 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз бомбгузорони маргталаб, ба гуфтаи мақомоти Эрон, шаҳрванди Тоҷикистон будааст.