Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки як бомбгузори Кирмон аз Тоҷикистон будааст

IRAN-BLASTS/FUNERAL

Мақомоти интизомии Эрон мегӯянд, дар робита ба бомбгузории маргталабона, ки 84 нафарро дар шаҳри Кирмон кушт, чанд нафарро дастгир кардаанд.

Дар бомбгузорие, ки рӯзи 3-уми январ ҳангоми ёдбуди фармондеҳи собиқ ва бонуфузи Эрон сурат гирифт, 280 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз бомбгузорони маргталаб, ба гуфтаи мақомоти
Эрон, шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Рӯзи 5-уми январ Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар маросими дафни чанде аз қурбониёни ду ҳамлае ширкат кард, ки масъулияти онро гурӯҳи Давлати исломӣ ба ӯҳда гирифт. Телевизиони давлатӣ аз маросими дафне дар шаҳри Кирмон гузориш дод, ки онҷо издиҳом “қасос, қасос” шиор медоданд.

Бомбгузорӣ, ки ҳангоми ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ сурат гирифт, хунинтарин ҳамла дар қаламрави Эрон пас аз Инқилоби исломии соли 1979 аст. Генерал Сулаймонӣ соли 2020 дар натиҷаи зарбаи мушакии дрон ва ё паҳподи амрикоӣ кушта шуд.

Аҳмад Ваҳидӣ, вазири умури дохилии Эрон рӯзи 5-уми январ ба Телевизиони давлатии кишвар гуфт, ки хадамоти иттилоотӣ “сарнахҳои бисёр хубе дар бораи унсурҳои таркишҳои террористии Кирмон даст доштанд, пайдо кардаанд.”

Вазорати иттилооти Эрон дар як баёнияи расмӣ гуфт, яке аз ду бомбгузорони маргталаб, шаҳрванди Тоҷикистон буда ва ҳуввияти фарди дигар “ҳанӯз ба сурати қатъӣ маълум нашудааст.”

Хабаргузориҳои давлатӣ бо нақли қавл аз Маҷид Мираҳмадӣ, муовини вазири умури дохилӣ навиштаанд, ки “афроди гуногун дар панҷ шаҳри панҷ вилояти Эрон дастгир шуданд.”

Гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи 4-уми январ гуфт, ки ду узви он ҳангоми ёдбуди генерал Сулаймонӣ, дар оромгоҳи Кирмон, камарбандҳои таркандаи худро дар байни мардум мунфаҷир кардаанд. Ин гуруҳи ифротӣ дар гузашта, масъулияти чанд ҳамлаи террористӣ дар Эронро бар уҳда гирифтааст.

Айни замон раҳбарони Эрон ва расонаҳои давлатӣ бомбгузориро ба танишҳо дар Ховари Миёна иртибот додаанд, ки бинобар ҷанг дар Ғазза афзоиш ёфтааст ва Амрикоро ғайримустақим ба ҳамла муттаҳам карданд.

Иброҳим Раисӣ гуфт: “Душман ҳамеша қудрати Ҷумҳурии Исломиро мебинад. Тамоми ҷаҳон ин қудрат ва тавоноии онро эътироф мекунанд. Мутмаин бошед, ки ибтикори амал дар дасти нерӯҳои қудратманди мост. Макон ва замонро нерӯҳои мо таъйин хоҳанд кард.” Дар маросими дафни қурбониён, мардум “Марг бар Амрико ва Марг бар Исроил” шиор медоданд.

Вашингтон иддаоҳо дар бораи даст доштани Амрикову ҳампаймонаш Исроил ба бомбгузориро рад кардааст. Исроил душмани ашаддии Эрон ин иттиҳомотро шарҳ надодааст.

Телевизионҳои давлатии Эрон Доналд Трамп номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2016-ро иқтибос меоварданд, ки бардурӯғ гуфта буда, ки Барак Обама раиси ҷумҳури онвақтаи Амрико “бунёдгузор”-и Давлати исломӣ аст.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни бобмгузориҳо ба 90 нафар расидаанд. Ҳамлаҳои хунинро ҷомеаи байналмилалӣ маҳкум кард.

Қосим Сулаймонӣ, аз фармондеҳи бонуфузи Эрон буд, ки амалкардҳои кишвар дар хориҷ аз он аз ҷумла Сурия ва кӯмак ба раиси ҷумҳури он Башшор Асадро мудирият мекард. Сулаймонӣ ҳамчунин иртиботҳои наздик бо гуруҳҳое ба мисли Ҳамос дар Ховари Миёна дошт, ки онро Амрикову Иттиҳоди Аврупо, созмони террористӣ медонанд.

Амрикоиҳо ҳамчунин Сулаймониро тарҳрези бомбгузориҳое медоданд, ки сарбозони амрикоӣ дар Ироқ ҳадафи онҳо буданд.