Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ гуфт, таркишҳо дар Эрон кори ҷангҷӯёни ин гуруҳ буд. ВИДЕО


Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё худ ДОИШ масъулияти таркишҳои рӯзи 3-юми январро дар шаҳри Кирмон Эрон ба дӯш гирифт.

Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё худ ДОИШ масъулияти таркишҳои рӯзи 3-юми январро дар шаҳри Кирмон Эрон ба дӯш гирифт. Ин гуруҳ дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм навишт, ки ду узви он дар маросими чорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯҳои Қудс, бо камарбандҳои интиҳорӣ худро таркониданд.

Ба гуфтаи мақомоти эронӣ дар ин таркишҳо дасти кам 84 кас кушта ва 284 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо вокунишҳои бисёр дошт ва дар тозатарин маврид Шӯрои амнияти Созмони Милал ин ҳамларо маҳкум кард.

Шӯрои амният 4-уми январ бо интишори баёния инфиҷори Кирмонро “бо шадидтарин шакл” маҳкум кард.

Аъзои Шӯрои амният дар баёнияе гуфтанд, “терроризм дар ҳамаи шакл ва зуҳурот яке аз ҷиддитарин таҳдид барои сулҳ ва амнияти байнулмилалӣ аст.” Кишварҳои узви Шӯро таъкид кардаанд, ки бояд омилони ин ҳодиса шиносоӣ ва маҳкум шаванд.

Мэтю Миллер, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам рӯзи панҷшанбеи 4-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт: “бар асоси тамоми иттилооти мавҷуда возеҳ аст, ки ин як ҳамлаи террористӣ будааст. Мо гузоришҳо дар хусуси ба уҳда гирифтани масъулияти ин ҳамла тавассути “Давлати исломи”-ро дидаем.”

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ҳоле масъулияти таркишҳо дар маросими ёдбуди Қосим Сулаймониро ба уҳда гирифтааст, ки шаш сол пеш Сулаймонӣ дар гузорише ба роҳбари Эрон Алии Хоманаӣ аз “поёни даврони ДОИШ” гузориш дода буд. Қосим Сулаймонӣ яке аз фармондеҳоне буд, ки алайҳи ин гуруҳ дар Сурия ва Ироқ ҷангидааст.

ДОИШ қаблан низ масъулияти чанд таркиш ва ҳамла ба зиёратгоҳҳо дар Эронро ба уҳда гирифта буд. Аз ҷумла пештар ин гуруҳи тундрав масъулияти ҳамла ба зиёратгоҳи Шоҳчароғро ба уҳда гирифта буд. Дар он ҳамла дар тирамоҳи соли 2022 13 нафар кушта шуданд.

Эрон Амрикову Исроилро ба бомбгузорӣ муттаҳам кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

XS
SM
MD
LG