Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон: "Барои мову Шумо айб нест? На ин ки мардҳо, занҳои тоҷик, бонувони тоҷик дар муҳоҷират ҳастанд, ҳазорон ҳазор. Мо нангу номус дорем? Ҳар сол аз дигар ҷой аз ҳисоби муҳоҷирон садҳо ва зиёдтар аз он ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандон мераванд. Чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён, фақат фикри, мебахшед, нафси бади худро дорем.”
Эмомалӣ Раҳмон ин суханонро зимни паёми солонааш дар рӯзи 28-уми декабри соли 2023 ба порлумон баён дошт. Оё ин эътирофи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди фасоду ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақом дар сохторҳои давлатӣ огаҳ аст, вале бо он дуруст мубориза намебарад, ё онро нодида мегирад? Барои суҳбат дар ин бора, ба Гапи Озод, Абдулло Давлатов, табиб ва фаъоли маданӣ аз Русия ва Суҳроби Зафар, раиси созмони "Гурӯҳи 24", як гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар хориҷ аз Тоҷикистонро даъват кардем.
Чаҳор иқтибос аз барнома:
Абдулло Давлатов: “Чӣ хеле ки ҷаноби президент гуфтанд, он кас аз вазъи феъливу пешинаи муҳоҷират хуб огоҳ ҳастанд. Ман инро дақиқ медонам, чаро ки омада буданд, вохӯриҳо ҳам баргузор карда буданд. Медонам, ки бисёр таваҷҷуҳ доранд. Эътирофи онки фасодзада аст, ё не, ман боварӣ дорам, ки ҷаноби президент худашон ҳам медонанд, ки дар чӣ вазъ аст. Вале аз ҳама осон он аст, ки мо сангпартоӣ кунем, ба ин ҳарфҳои президенту айбҷӯӣ кунем, дар ин ҳарфҳо.”
Сӯҳроб Зафар: “Он чизе, ки раиси ҷумҳур иқрор шуданд, қобили қабул аст, албатта. Фақат як паҳлӯи дигараш ин хушҳолӣ барои мо ҳамчун ҳаракатҳои сиёсии мухолиф дар он аст, ки мо ҳамасола ва ҳамавақт аз камбудиҳо ҳарф мезанем, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки инро қабул надоранд, гарчанде медонанд, ки чунин мушкилот ҳаст. Инро қабул надоранд ва бар инанд, ки кадом ҳаракатҳои сиёсӣ ба хотири ҳадафҳои худ, чунин ҳарфҳо мебофанд ва мехоҳанд ба мардум расонанд. Имрӯз худи раиси ҷумҳур иқрор кард, ки ҳаст.”
Абдулло Давлатов: “Бубинед, ки мо ишора мекунем, ба фасодзадагиву мудирияту давлатдорӣ ва ҳар як аз худамон намепурсем, ки шахсан худамон барои ворид накардан ба фасодзадагӣ чӣ кор мекунем. Вақте, ки ӯ дар кишваре, ки забонаш тоҷикӣ аст ва донишгоҳро хатм кардааст, ба сабаби танбалӣ, ё чизе бошад, забони давлатиро наомӯхтааст, вақте, ки ҳукумат аз ӯ талаб мекунад, ки бо забони тоҷикӣ корбарӣ кунад, инҷо албатта айби ҳукумат ва ё фасодзадагӣ нест, айби якояки мост.”
Сӯҳроб Зафар: “Ман ҳамфикр ҳастам, бо ҷаноби Давлатов. Айб дар мардум аст, айб дар ҳар яки мо аст, ки зимоми қудратро дар дасти як нафар додем ва ҳар чизе мехоҳанд, мекунанд. Айб дар худи мо аст. Яъне мо хунукназарӣ мекунам, дар зиндагии имрӯзаи худ ва ба ояндаи фарзандони худ.”
Бақияи суҳбатҳои Гапи озодро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад