Тақвим: Аз Гран-прии Душанбе то Олимпиадаи Париж-2024

Акс аз бойгонӣ

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) як қатор мусобиқаҳои бузург ва бонуфузро дар соли 2024 ба нақша гирифтааст.

Дар баробари дастаҳои зӯртарини ҷаҳон, мунтахаби ҷудои Тоҷикистон низ бо ширкати худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мекӯшад, ки ҳарчи бештар имтиёзҳоро ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 ба даст биёрад.

Мусобиқа оид ба ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 аз 27-уми июл то 3-юми август дар пойтахти Фаронса барпо мегардад.

Пеш аз Бозиҳои олимпӣ мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон рӯзҳои 19-23-юми май дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абузабӣ – баргузор мешавад.

Дар Тоҷикистон имсол бори дуюм мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии Гран-при оид ба ҷудо сурат мегирад. Ин мусобиқа рӯзҳои 3-5-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тақвими мусобиқоти IJF World Tour дар соли 2024:

26-28 январ: Гран-при, Одивелас (Португалия)

2-4 феврал: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Париж (Фаронса)

16-18 феврал: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Боку (Озарбойҷон)

1-3 март: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Тошканд (Узбекистон)

8-10 март: Гран-при, Линз, Австрия

22-24 март: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Тбилиси (Гурҷистон)

29-31 март: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Анталия (Туркия)

20-23апрел: Қаҳрамонии Осиё (инфиродӣ ва даставии омехта), Ҳонконг (Ҳонконги Чин)

3-5 май: Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)

10-12 май: Grand Slam («Тоскӯлоҳи бузург»), Борис (Қазоқистон)

19-24 май: Қаҳрамонии ҷаҳон (инфиродӣ ва даставии омехта), Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб)

28-30 июн: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Улан-Батор (Муғулистон)

13-14 июл: Мусобиқаи бози Осиё, Тайпей (Тайпейи Чин)

27 июл-3 август, Париж, Олимпиада-2024 (инфиродӣ ва даставии омехта)

6-8 сентябр: Grand Slam («Тоскӯлоҳи бузург»), Будапешт (Маҷористон)

13-15 сентябр: Гран-при, Загреб (Хорватия)

12-13 октябр: Қаҳрамонии бози Осиё, Оқтов (Қазоқистон)

18-20 октябр: Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб)

Grand Slam ("Тоскӯлоҳи бузург"), Тел-Авив (Исроил), санаи баргузорӣ ҳанӯз муайян нашудааст.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, барои омодагии хуби дастаи мунтахаби кишвар ба мусобиқаҳои соли 2024 мураббиёни ботаҷриба ҷалб шудаанд.

Омодагии хуб ба гуштигирони тоҷик имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Парижи Фаронса имтиёзҳои зарурӣ ҷамъ оваранд.

Яке аз вазифаҳои муҳими масъулин ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин дарёфти шумораи бештари роҳхатҳо ба Олимпиадаи Парих-2024, инчунин медалҳои деринтизори қаҳрамонии ҷаҳон ва олимпӣ мебошад.

Дастоварди беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаи ҷудо ду медали биринҷии паҳлавони шинохта Расул Боқиев ба шумор меравад.

Ӯ соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпӣ дар Пекини Чин дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило мақоми сеюмро касб кардааст. Зимнан, то ҳоло ягон ҷудокори тоҷик ба пояи Расул Боқиев нарасидааст.