Чаро занону духтарон қасди ҷонашон мекунанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот дар охири моҳи декабри соли 2023 гуфтанд, ки аз қасди худкушии як духтари 21-сола дар Душанбе пешгирӣ карданд. Раёсати умури дохилии пойтахт гуфт, зани ҷавон мехост худро аз ошёнаи ҳафтум ба замин партояд. Якдигарнофаҳмӣ байни ӯ, волидон ва ҳамсари собиқашро сабаби чунин рафтор гуфтанд. Дар як моҳи охир ин кӯшиши дувуми худкушии занону духтарон аст, ки расонаӣ мегардад. Чаро ҷинси латиф дар Тоҷикистон ба ин амал даст мезананд ва роҳи ҳал кадом аст?