Кушта шудани 4360 нафар дар як сол дар Сурия

Димишқ

Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Бритониё, мегӯяд, дар соли 2023 дар Сурия 4360 кас кушта шудаанд.

Гузориш рӯзи 31-уми декабр нашр шуд.

Ин омор, ба гуфтаи муаллифон, ҳам ҷангҷӯён ва ҳам ғайринизомиҳоро дар бар мегирад.

"1889 нафари онҳо ғайринизомӣ ҳастанд, аз ҷумла 241 зан ва 307 кӯдак," – таъкид шудааст дар гузориш.

Ба ҳисоби Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия дар соли 2022 дар ин кишвари Ховари Миёна 3 ҳазору 825 нафар кушта шуда буд.

Даргирӣ дар Сурия аз соли 2011 ба ин тараф идома дорад.