Қисми аввали матлабро дар инҷо хонед
Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
Бахши дувум. "Тоҷикистон" чӣ гуна аз чоп монд?
Тирамоҳи соли 1962. Раҳбари вақти Шӯравӣ Никита Хрушев ба Тоҷикистон омад. Маҷаллаи “Тоҷикистон”, ки масъулияти чопашро Бӯринисо Бердиева бар уҳда дошт, зери унвони “Меҳмонони азиз” бо чаҳор акс гузоришеро дар ин бора нашр кард.
Боре як нафар аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон занг зада, аз Бердиева пурсидааст, ки чаро акси Хрушевро на дар муқова, балки дар дохили маҷалла ва бо акси сиёҳи камнур чоп карда? Бердиева гуфтааст, чашмашаро калон кушода, ба маҷаллаи “Огонёк”-и чопи Маскав нигоҳ кунад.
“Агар онро варақ занед, мебинед, ки расми Хрушёви Шуморо дар дохили маҷалла бо ранги сиёҳ, дар байни хукон ва мурғон чоп кардаанд. Ба ба ин чӣ мегӯед? Масъул посухе наёфта, гӯшии телефонро гузоштааст.” (Р. Қудратов. мақ. “Дили оташзо”. Китоби “Бузургбонуи матбуоти тоҷик”, саҳ. 103).
Аммо танқидҳои пай дар пай ва обдор ба баъзе аз мансабдорон хуш наомад, аз ин рӯ, кӯшиши бастани маҷаллаи “Тоҷикистон”-ро карданд. Ба ин мақсад баҳона оварданд, ки барои чопи маҷалла коғаз намерасад. На чопхона ва на ягон нашрияи дигар ҳозир нашуда, ки барои чопи маҷаллаи “Тоҷикистон” коғаз фурӯшад.
Бӯринисо Бердиева аз масъули чопхона фаҳмидааст, ки як намоянда барои харидани коғаз ба Маскав рафт. Бинобар ин, ба идораи таъмини коғаз занг зада, пурсидааст, ки чаро ба “Тоҷикистон”, ки ба мисли “Огонёк”-и Маскав аст, коғаз намедиҳанд? Масъули идораи мазкур дар посух гуфта, ки намояндаи Душанбе барои харидани коғаз ягон кор намекунад ва ҳар рӯз “ҳамин хел меояду меравад”.
Сипас ӯ ба Бердиева шумораи телефони Муҷтамаи саноати коғази “Шарқи Дур”, воқеъ дар Иркутскро дода, пешниҳод кардааст, ки мустақим ба он ҷо занг занад. Тасодуфан гӯшии телефонро котиби Кумитаи ҳизбии вилояти мазкур бардошта, масъалаи таъмини коғази маҷалларо ҳал кардааст.
“Аз Иркутск ба нишонии шахсии ман - барои чопи маҷаллаи “Тоҷикистон” як вагон коғаз фиристода, рўи он навиштаанд: “Барои Бӯринисо Асроровна Бердиева, сардабири маҷаллаи “Тоҷикистон”.
Баъд аз ҳалли масъалаи коғаз қаҳру ғазаби баъзе аз курсинишинҳои радаи боло афзуда, косаи сабри онҳо баъд аз чопи мақолаи танқидие дар бораи маҳалгароӣ лабрез шудааст. Ин мақола ба муҳаббати муҳаққиқи ҷавон Валӣ Самад рабт дошт. Ӯ ва як духтар аз Хуҷанд ҳамдигарро дӯст дошта, нияти барпо кардани оиларо доштанд, аммо бо мухолифати шадиди атрофиён дучор шуданд.
“Мо ин масъаларо дар маҷалла матраҳ ва мухолифони ин кори хайрро зери тозиёнаи танқид гирифтем ва маҷаллаи мо кумак кард, то Валӣ Самад соҳиби ҳамсар шавад,” – гуфтааст Бердиева дар суҳбат бо рӯзноманигор ва файласуф Мирбобои Мирраҳим. (Китоби бузурги худшиносӣ ё худ “Рӯзномаи Бӯринисо”)
Ба қавли Бердиева, дар вокуниш ба ин мақолаи танқидӣ аз Хуҷанд ба унвони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист номаҳои шикоятии зиёде расид. Худи ӯро ҳатто таҳдид кардаанд.
Баъд аз чанде аз Маскав фармон омадааст, ки нашрияҳои аз лиҳози молӣ зарароварро банданд. Масъулони идеологии ҷумҳурӣ ин фурсатро муносиб дониста, фаъолияти якчанд нашрия, аз ҷумла, “Тоҷикистон”-ро бас мекунанд.
Аслан “Тоҷикистон”-ро сирф ба хотири муҳаррир Бердиева баста буданд, зеро ин нашрия дар давоми камтар аз якуним сол ҳам соҳиби обрӯ шуда, ҳам хонанда ёфтаву шумораи нашраш афзуда буд. Ба иборати дигар, маҷаллаи “Тоҷикистон” зери роҳбарии Бӯринисо Бердиева аз лиҳози молӣ аслан зараровар набуд.
Тарғибгари арзишҳои миллӣ
Бердиева баъд аз чанд моҳи бекорӣ муҳаррири рӯзномаи “Маориф ва маданият” таъйин шуд. Ин нашрия он вақт бо теъдоди ҳамагӣ 500 нусха ба табъ мерасид. Бӯринисо Бердиева дар суҳбат бо Мирбобои Мирраҳим гуфтааст, вақте намояндаи КМ ҲК ҷумҳурӣ ӯро барои муаррифӣ ба идораи рӯзнома овард, як-ду корманд аризаи рафтанро навиштанд. Аз ин рӯ, дар ин ҷаласа эълон доштааст, ки кормандони рӯзнома як моҳ бо ӯ кор кунанд, баъд касе хост, биравад.
Баъд аз муддате Бердиева аз чанд корманди камҳавсала халос шуда, аз собиқ маҷаллаи “Тоҷикистон” чанд нафарро ба кор даъват кард, аз ҷумла М.Боғиров, Р.Қудратов ва Р.Имомовро.
Дар замони муҳарририи Бердиева соҳибкилконе фаъолият карданд, ки дар бедории халқи тоҷик дар замони Шӯравӣ саҳми калон гузоштанд, аз ҷумла: Ҷумъа Одина, Ӯрун Кӯҳзод, Бозор Собир, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоҳ, Фотеҳ Абдулло, Абдуғаффори Партав, Дорои Дӯст, Ҳикмат Раҳмат, Ҳайрат Шанбезода, Ҳабибулло Файзулло, Сарвар Амирҷон, Мирзо Боқӣ, Сармад, Султон Шоҳзода, Раҳмат Назрӣ, Ҳоҷӣ Мурод ва ғ.
Баъзе аз кормандон шахсоне буданд, ки ё аз ҷои кори пешинаашон ба нишони эътироз рафта буданд ё ба онҳо пешниҳод карда буданд, ки бо хоҳиши худ ариза навишта раванд. Бердиева ба кормандони худ, ки аксаран боистеъдоду ояндадор буданд, озодии эҷодӣ фароҳам оварда, супориш додааст, ки дар идора нанишинанду аз пайи таҳияи мавзуъҳои мубраму ҷолиб шуда, маводи худро сари вақт супоранд.
“-Медидам, ки атроф пур аз камбудӣ, вале дар матбуот ҳамоно таърифу тавсифҳо идома доштанд, аз ин рӯ, таъкид кардам, ки аз таърифҳои хушку холӣ даст кашида, бештар камбудиву иллатҳои ҷомеаро ҷуста, мақолаҳои проблемавӣ нависанд”, - зикр кардааст Бердиева дар суҳбат бо Р.Назир.
Ҳамчунин, ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки дар ҳар шумора 60 дарсади мавод аз кормандони худи нашрия бошад ва 40 дарсади дигар аз муаллифони берунӣ. Қариб дар ҳар як шумора матлабҳое чоп мешуданд, ки дарди ҷомеаи тоҷикро дар солҳои 1960-80 инъикос мекарданд.
Проблемаҳоеро, ки ба худшиносии миллӣ рабт доштанд, на танҳо равшанфикрони ҷумҳурӣ, балки тоҷикзабонҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ фаъолона инъикос мекарданд. Ҳамин боис гардид, ки ҳам теъдоди рӯзнома ва ҳам боварии мардум ба он афзояд.
Корафтодагони зиёде аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти худ ба Душанбе омада, мустақим, рӯ ба рӯ ба кормандони “Маориф ва маданият” муроҷиат мекарданд. Чунончи Р.Назир зикр мекунад, ин фошгӯиҳо ба гурӯҳҳои муайяне дар идораҳои болоӣ хуш намеомад, бинобар ин онҳо мекӯшиданд, ки “Маориф ва маданият”-ро баста, аз Бердиева халос шаванд. Аз ин рӯ, дар ҳар вақту фурсати муносиб ба ҳуҷум мегузаштанд.
Азбаски қариб дар ҳар шумора мақолаҳои “кӯбанда” чоп мекард, ҳар ҳафта Бердиеваро як-ду бор ба Кумитаи Марказӣ даъват ва накуҳиш мекарданд. Чанд дафъа масъалаи барканор кардани ӯро аз вазифаи муҳаррири “Маориф ва маданият” дар бюрои КМ ҲК низ дар миён гузоштанд.
Масалан, дар миёнаҳои солҳои 60-ум сабукдӯш кардани Бердиеваро барои чопи шумораи ҷашнӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз матраҳ карданд. Ковал, котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон, далелҳои мантиқиро шунида, аз ӯ ҷонибдорӣ кардааст.
Холмурод Шарифов, корманди КМ ҲК Тоҷикистон дар ёддоштҳояш менависад, ки боре масъалаи Бердиеваро дар бюро муҳокима карданд. Аммо ӯ баъди шунидани интиқоди зиёд ба унвони худ ба Шитов, котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон муроҷиат карда, мепурсад:
“- Шумо кай мақолаи хуб навиштед, ки ман чоп накардам? Шитов, ки мисли Ковал чашму гӯши Маскав дар Тоҷикистон буд, саволгузории Бердиеваро дуруст шуморида, бо ҳамин ба баҳс хотима медиҳад. (Х. Шарипов. Мақолаи “Соҳибдил”. Кит. “Бузургбонуи матбуоти тоҷик”, саҳ. 61)
Зане, ки аз мардҳо мардтар буд
Бӯринисо Бердиева хуб медонист, ки хоҳишмандони барканор кардани ӯ аз вазифаи муҳаррири рӯзнома зиёданд. Дар мусоҳиба бо Мирбобои Мирраҳим мегӯяд, ки аз ҳама бештар аз фаъолияти “Маориф ва маданият” Ҳамид Гадоев, раиси Пажӯҳишгоҳи таърихи ҲКТ, нороҳат буд. Аз ин рӯ, мақолаҳои нашрияро бо заррабин мехонд.
“Ҳарчанд сарвари пантуркистони Тоҷикистон буд, маро эҳтиром мекард ва боре худаш чунин эътироф кард: - Ҳар рӯз дар Кумитаи марказӣ ҷаласа меороем ва мехоҳем туро аз сардабирии рўзнома дур кунем, аммо намешавад.”
Ба қавли Бердиева, ҳатто ба прокуратураи ҷумҳурӣ супориш дода буданд, ки ҳар имконоте, ки доранд, ба кор баранд, то Бердиеваро ҳабс кунанд. Солҳо баъд Карим Ҳасанов (муовини прокурори ҷумҳурӣ дар солҳои 1961-1982) ба ӯ гуфтааст, ки фармон гирифта буданд, ягон кор карда Бердиеваро ҳабс кунанд, аммо барои ин кор ҳеҷ баҳонае наёфтанд (М. Мирраҳим. Китоби бузурги худшиносӣ ё худ “Рӯзномаи Бӯринисо”. Саҳ.69).
Баҳона барои барканор кардани Бердиева дар соли 1983 фароҳам омад. Дар ибтидои он сол Ҳилол Каримов, муаллифи китоби “Алифбо” тавассути телевизиони Маскав изҳор дошт, ки тоҷикон ба шарофати ғалабаи Инқилоби болшевикӣ дар соли 1917 саросар босавод шуданд. Ин гуфтаҳо ба вокуниши тунде дар ҷомеаи Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд ва як гурӯҳи 17-нафарии иборат аз олимону адибони шинохтаи ҷумҳурӣ посухи сахте навишта ба “Маориф ва маданият” бурданд.
Бердиева ин посухро зери унвони “Таърих гувоҳ аст” нашр кард. Чопи ин матлаб “косаи сабр”-и идеологҳои тоҷикро лабрез кард ва онҳо тасмим гирифтанд, ки Бердиеваро дар 56-солагӣ, бо баҳонаи расидан ба синни нафақа, аз вазифа барканор кунанд.
Азбаски Бердиева барои онҳо мисли устухон дар гулӯ буд, танҳо дар охири моҳи апрели соли 1983 фармони барканории ӯро бароварданд. Сарфи назар аз ин, то ибтидои моҳи июн масъалаи муҳаррири нав ҳал нашуд. Ба қавли корманди собиқи рӯзномаи “Маориф ва маданият” Саидаҳмади Қаландар, чанд нафареро, ки таъйин карданд, Бердиева қабул накард. Билохира, Бобо Насриддинов-масъули бахши матбуоти КМ-ро оварданд, ки нисбатан ба дидгоҳи Бердиева мувофиқ буд.
1-уми июни соли 1983 як ҳайати даҳнафарӣ ба шумули мудири шуъбаи таблиғи КМ ҲК Тоҷикистон И. Қаландаров ва вазири маориф Рауф Додобоев бо фармон ва таъйини муҳаррири нав ба идора омаданд. Азбаски Бердиева ҳузур надошт, ҷаласаро дар утоқи кории муовинаш Асадулло Саъдуллоев гузарондаанд.
Корманди дигари рӯзнома Дорои Дӯст дар хотироташ зикр мекунад, ки И.Қаландаров гуфт, “Бердиева дигар муҳаррир нест, вай нафақахӯр шуд”. Ба қавли Д.Дӯст, Қаландаров дар идомаи суханронии худ чунин мегӯяд:
- Аммо дар ин идора тарафдоронаш ҳастанд ва агар соли 1937 мебуд, ман баъзе аз онҳоро бо дасти худам (ва ангушти ишоратиашро ба шакли туфангча карда, пешонии маро нишон гирифт) мепарондам.
Сипас Қаландаров ба вазири маориф Додобоев муроҷиат карда, пурсидааст:
- Чаро Шумо фаъолияти муҳаррирро идора накардед?
- Ман, ростӣ, аз тарси ҳамин зан аз ҳамин кӯча намегузаштам ва ӯ ба маҷлисҳои ҳайати мушовара ҳам намеомад, зеро ҳама аъзои Кумитаи Марказӣ феъли ӯро медонанд, касе бо вай баробар шуда наметавонад (Д. Дӯст. Мақ. “Он ки заминасози бедорӣ буд”. Китоби “Бузургбонуи матбуоти тоҷик”. Саҳ.38).
Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, ногаҳон аз роҳрав садои гуфтугӯи Бердиева бо муҳосиб, ки як хонуми рус буд, шунида шуд ва дами ҳайати ҷасуре, ки то ин вақт муҳаррирро шадидан интиқод мекарданд ва кормандонро таҳдид, ба дарун зад. Баъди лаҳзае Бердиева дари утоқи кории муовинро боз карда, гуфт:
- Ман аз овардани Бобо Насриддин бисёр хурсанд. Лекин агар як мӯйи сари кормандони ман аз сарашон кам шавад, ё ягон қасде дошта бошед, инро дониста монед, ки Бобо ҳам дар ин ҷо кор намекунад, шумо ҳам дасти холӣ меравед ва ин идора боз мемонад ба дасти Бердиева (С.Қаландар. Бӯринисо Бердиева – шаҳиди роҳи озодӣ. Ҳафтаномаи “Самак”, 1.01.2021)
Бо ҳамин, Бӯринисо Бердиева барои ҳамеша аз матбуот рафт, аммо аз тарси намояндаҳои Кумитаи Марказӣ ягон корманд ба гуселаш набаромад.