Чанд кушта ва "даҳҳо захмӣ". Тирпаронӣ дар маркази Прага

Прага, 21-уми декабри 2023

Пулиси Чехия гуфт, ки шоми 21-уми декабр дар як тирандозӣ дар маркази шаҳри Прага "чанд нафар кушта" ва "даҳҳо кас захмӣ шуданд".

Ҳодиса дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карл рӯй дод. Академияи санъату меъморӣ ва тарроҳӣ низ дар онҷост.

Нерӯҳои пулис майдони Ян Палах ва атрофи онро дар маркази шаҳр бастаанд. "Бар асоси маълумоти ибтидоӣ тасдиқ карда метавонем, ки шуморе аз одамон дар ҷойи ҳодиса кушта ва захмӣ шудаанд," – навишт пулиси Чехия дар паёме дар шабакаи Х (Твиттери собиқ).

Пулис ҳамчунин эълом кард, ки тирандоз кушта шудааст. Ҳувият ва ангезаи ӯ то ҳол маълум нест.

Шаҳрдори Прага хабар дод, ки ҳамлагар ҳангоми сарозер шудан аз бино ҷон бохт, вале шоҳидони айнӣ мегӯянд, ӯ аввал тир хӯрд. Вит Ракусан, вазири корҳои дохилии Чехия, гуфт, дар маҳалли ҳодиса хатаре вуҷуд надорад, вале аз мардум хост, ба онҷо наздик нашаванд.

Хадамоти изтирории Прага дар паёме дар шабакаи “X” гуфтааст, шумори зиёди “Ёрии таъҷилӣ2 ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд. Ҷароҳати баъзе аз захмиён сабук ва қисми дигар вазнин арзёбӣ шудааст.

Петр Фиала, сарвазири Чехия дар паёме гуфт, сафарашро ба шарқи кишвар бекор кард. Ҷиноятҳои мусаллаҳона дар Чехия тақрибан кам мушоҳида мешаванд.