Игор Черевченко ва чаҳор легионер "Истиқлол"-ро тарк карданд

Игор Черевченко, сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе, ки муҳлати қарордодаш ба охир расид, аз даста рафт.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муовини аввали раиси бошгоҳи «Истиқлол» Муҳсин Муҳаммадиев имрӯз, 21-уми декабр, хабар дод.

Вай гуфт, "бошгоҳи мо бо Игор Черевченко то охири соли 2023 шартнома баста буд. Ӯ вазифаашро ба итмом расонд ва ба Русия ба назди оилааш рафт. Ҳамсараш бемор аст ва аз паи табобати ӯ мешавад. Баъдан ба иҷрои нақшаҳои минбаъдааш мепардозад. Дар бораи кори мураббигӣ ба Черевченко пешниҳодҳо зиёданд, аз ҷумла аз бошгоҳи лигаи аввали футболи Русия - “Шинник”-и Ярославл. Айни замон Игор дар мавриди пешниҳодҳо фикр мекунад.”

Ҳамроҳи Черевченко ёвараш Юрий Батуренко ва мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин низ бо сабаби ба охир расидани муҳлати қарордодашон бо бошгоҳи «Истиқлол» аз Душанбе ба Русия рафтанд.

Игор Черевченко моҳи январи имсол сармураббии дастаи “Истиқлол” таъйин шуда буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки“Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок мекунад ва ин барояш ҷолиб аст.

- Бинобар ин, пас аз гуфтушунид бо роҳбарияти «Истиқлол» розӣ шудам. Ман дар Душанбе ба дунё омада, ба воя расидаам ва дар ин ҷо ба ман футболбозиро омӯзондаанд. Аз ин рӯ, мехостам қарзро ба Ватанам баргардонам”, - иброз дошта буд Игор Черевченко.

«Истиқлол» бо раҳбарии ин мутахассиси 49-сола имсол қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Аммо «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи «Е» дар мубориза бо тимҳои пурқуввати «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, «Персеполис»-и Эрон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ноком шуда, аз ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гашт.

МАЪЛУМОТНОМАИ РАДИОИ ОЗОДӢ

Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дастпарвари бошгоҳи футболи «Помир»-и Душанбе мебошад. Падараш Геннадий Черевченко яке аз бозигарони калидии дастаи “Помир”, ҳимоятгар буд.

Игор Черевченко дар солҳои 90-ум дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар хатти дифоъ бозӣ кардааст.

Ӯ аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ ҳунарнамоӣ кардааст.

Черевченко дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.

Баъди анҷоми фаъолияти футболбозиаш дар бошгоҳҳои «Локомотив»-и Маскав, «Балтика»-и Калининград, «Арсенал»-и Тула ва «Химки»-и Назди Маскав ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ фаъолият кардааст.

ШАРТНОМАИ 4 ЛЕГИОНЕР БО «ИСТИҚЛОЛ» ҚАТЪ ШУД

Муҳсин Муҳаммадиев, инчунин хабар дод, ки бошгоҳи футболи «Истиқлол» қарордоди ҳамкориро бо чаҳор футболбози легионер бо ризоияти тарафайн катъ кард.

«Ҳамлагар Сенин Себай ва нимҳимоятгар Седрик Гогуа, ҳарду аз Кот-д'Ивуар, инчунин нимҳимоятгарон Муҷтабо Муқтадоӣ аз Эрон ва Ҷозеф Окоро аз Нигерия фаъолияташонро дар бошгоҳҳои дигар идома хоҳанд дод», - гуфт Муҳсин Муҳаммадиев.

10 БОЗИГАРИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ

Дар ҳамин ҳол даҳ бозигари «Истиқлол» дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб тамрин карда, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки дар Қатар доир мегардад, омодагӣ мегиранд.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13-уми январ бо дастаи Чин рӯбарӯ мешавад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми январ бо дастаи мизбон– мунтахаби Қатар - бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22-юми январ бо тими миллии Лубнон қувва меозмояд.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.