Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Амрико, рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳеч силоҳ ва таҷҳизот нагузоштаанд ва ончӣ ба дасти "Толибон" афтодааст, ба нерӯҳои амниятии ҳукумати пешини Афғонистон тааллуқ дорад.
"Наметавонам ин гузоришҳои хосро тасдиқ кунам. Ин силоҳҳо ба нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон тааллуқ дошт. Ин чизе аст, ки онҷо гузошта шудааст, на инки Амрико берун шуд ва анбӯҳе аз силоҳҳоро дар Афғонистон боқӣ гузошт," -- афзуд ӯ.
Кирби дар идома гуфт, ҳузури Амрико дар 20 соли гузашта дар Афғонистон низомӣ буд ва онҳо ба машваратдиҳӣ ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои ҳукумати қаблӣ дар он кишвар мадад кардаанд.
Вазорати дифои Амрико соли гузашта дар гузорише эълом кард, ки қабл аз фурӯпошии низоми қаблӣ дар Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишвар ба арзиши 7,1 миллиард доллар таҷҳизот доштанд, аммо маълум нест, ки чӣ миқдор аз он ба дасти "Толибон" афтодааст.
Ин дар ҳоле аст, ки пас аз афзоиши ҳамлаҳои "Таҳрики Толибон"-и Покистон, мақомоти ин кишвар иддао карданд, ки дар ин ҳамлаҳо аз силоҳҳои амрикоӣ истифода шудааст.
Анварулҳақ Кокар, нахуствазири ҳукумати муваққати Покистон, чанд рӯз пеш гуфт, силоҳҳои амрикоии боқимонда дар Афғонистон алайҳи баъзе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Покистон истифода мешавад. Аммо ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ин гуфтаҳоро рад карда буд.
Нахуствазири ҳукумати муваққати Покистон ҳамчунин гуфт, ки силоҳҳои нав ва пешрафтаи амрикоӣ дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа хатарзо аст. Вай афзуд, хуруҷи саросемавори нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон боис шуд, то силоҳҳои нерӯҳои амрикоӣ ва афғонистонӣ ба ғайр аз "Толибон", ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар биафтад.
Ба иддаои Анварулҳақ Кокар, "Таҳрики Толибон"-и Покистон ва ҷудоиталабони балуч аз силоҳҳои пешрафта, дурбинҳои шаббин ва дигар таҷҳизот дар ҳамлаҳои худ истифода мекунанд, ки Амрико онҳоро дар Афғонистон гузоштааст.
Айни замон, баъзе аз огоҳони умур мегӯянд, ки бинобар беназмӣ дар рӯзҳои аввали сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ, мумкин аст, шумори маҳдуди силоҳҳои амрикоӣ ба дасти баъзе аз гурӯҳҳо расида, ба Покистон қочоқ шуда бошад.
Баъди дигарбора ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон, ҳамлаҳои "Таҳрики Толибон" дар Покистон афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи мақомот, танҳо дар ҳамлаи 12-уми декабр дар минтақаи Дера Исмоилхон дар аёлати Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон, 22 сарбози покистонӣ кушта шуданд.
Мақомоти покистонӣ борҳо гуфтаанд, ки ин ҳамлаҳо дар Афғонистон барномарезӣ шудааст ва афроди "Таҳрики Толибон"-и Покистон дар Афғонистон паноҳгоҳҳои амн доранд. Аммо ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ин гуфтаҳои ҷониби Покистонро рад кардааст.