Низом Нурҷонов дар тӯли умри худ вижагиҳои драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст. “Ашрофзодаи фарҳанг буданд. Дар бораи паст рафтани сатҳи ҳунар, балету мусиқии миллӣ бисёр бо дард суҳбат мекарданд," – гуфт коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов.
Қурбони Собир, ҳунарпеши маъруф, аз дарсҳои Низом Нурҷонов баҳравар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, маъмулан ҳар дарси Нурҷонов бо ҷумлае анҷом мешуд ва баъд аз як ҳафта маҳз бо ҳамон ҷумла оғоз меёфт.
"Мо тааҷҷуб мекардем, ки чӣ гуна ин ҳама ҳарфҳоро дар хотир нигаҳ медоранд, зеро ҳазорҳо кори дигар доштанд. Фаромӯш намекарданд. Ин беҳтарин нишонаи эҳтироми худашон, эҳтиром ба касбашон аст," -- афзуд ӯ.
Фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов мегӯяд, баъзе аз назарияҳои Низом Нурҷонов ба мақомоти вақти Шӯравӣ хуш намеомад ва дар ин замина миёни ӯ ва зимомдорон бархурдҳое сурат гирифтааст.
"Гапҳои рости он кас ба мақомот маъқул намешуд. Баъд мақомот ба он кас мегуфтанд, равед аз театр. Он кас ором ҷавоб медоданд, ман меравам аз театр, вале шумо ҳамчунон беистеъдод мемонед,” – нақл кард ӯ.
Дар нишасти бахшида ба ёди Низом Нурҷонов таъкид шуд, ки маҳз дар пайи пажуҳишҳои ӯ баъзе аз сабкҳои мусиқиву овозхонӣ ба мисли “Мавригӣ” дубора эҳё шудаанд. Низом Нурҷонов соли 1923 дар Бухоро дида ба олам кушод ва 18-уми марти соли 2017 дар 94-солагӣ дар Душанбе даргузашт.