Наздиконаш мегӯянд, Сӯҳроб Юсуфов "бегуноҳ аст"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пайвандони Сӯҳроб Юсуфов, ронандаи 21-солаи таксӣ аз Тоҷикистон, ки дар пайи муноқиша бо пулис дар Маскав боздошт шуд, аз мақомот талаби кумак доранд. Боздошти ин муҳоҷири тоҷик дар бозори "Садовод"-и Маскав норозигии даҳҳо нафарро ба миён овард. Дар пайи он 73 муҳоҷирро ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд.