Даҳ сол пеш дар бораи муҳоҷирати тоҷикон ба Русия мегуфтанд, ки он муваққатист ва барои кору даромад аст. Агар соли 2013 наздик ба 800 ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия ҳамчун муҳоҷир номнавис шуда бошанд, пас аз даҳ сол шумораи онҳо ба 1 280 891 нафар расид.
Дар ин барнома донандаи масъала мегӯяд, тоҷикон ба ҳаёти нимкора одат пайдо карданд. Оилаҳои нима, шикамҳои нимасер, барқи нима ва зарбаи онро насле мехӯрад, ки пас аз даҳ ё бист соли дигар бояд кишварро пеш барад.
Ин барнома дар соли 2013 аз силсилаи “Як рӯз бо шумо” дар таҳияи яке аз хабарнигорони хушноми Радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода пахш шудааст. Онро дар Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон бароятон пешкаш мекунем, чун дар интернет ҳаргиз датсрас набуд ва акнун дастрас мешавад.
Дар инҷо бишнавед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад