"Равшан" барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон шуд

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон мақоми дуюмро азони худ кард, бо медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар мукофотонида мешавад.

Барандаи медалҳои нуқра пас аз бозии дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бо ҳисоби 4:2 ба нафъи қаҳрамони Тоҷикистон анҷом ёфт, маълум гардид.

Бозии мавқуфмондаи даври чаҳоруми марҳилаи сеюми мусобиқоти лигаи олӣ дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Эсхата» 12-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Сарвони дастаи “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 35-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро кушод.

Баъди панҷ дақиқа Ойбек Абдуғаффоров, легионери узбекистонии “Эсхата”, ҳисобро баробар кард.

Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 50-уми бозӣ, Бахтиёр Зарипов меҳмононро ба пеш баровард.

Вале Ойбек Абдуғаффоров дар дақиқаи 63-юм тӯбро ба дарвозаи дастааш зад ва ҳисоб баробар шуд - 2:2.

Баъдан Салоҳиддин Эргашев ва Сенин Себай муваффақ шуда, ба “Истиқлол” пирӯзӣ оварданд.

Аммо натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи “А” тағйир надод.

“Истиқлол”, ки пешакӣ дар мусобиқоти каҳрамонии Тоҷикистон ғолиб шуда буд, пас аз ғалабаи 15-ум дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи «А» бо касби 46 имтиёз пешсафи ягона аст.

“Истиқлол” бозии охиринашро 15-уми декабр дар майдони худ бо “Файзканд”-и Восеъ анҷом медиҳад, вале натиҷаи он ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот таъсир нахоҳад кард.

«Равшан»-и Кӯлоб, ки бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳирҷон Муъминов 35 имтиёз гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш дар меҳмонӣ бо “Эсхата”-и Хуҷанд, мақоми дуюмро соҳиб шуд.

«Кӯктош»-и Рӯдакӣ, ки бозиҳояшро ба охир расонд, дар ҳамин ҳол бо касби 33 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.

«Эсхата», ки бо касби 30 имтиёз дар ҷойгоҳи чаҳорум аст, бо “Кӯктош” барои медалҳои биринҷӣ талош меварзад.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” соли 2024 Тоҷикистонро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 намояндагӣ хоҳад кард.

Ноиби қаҳрамони Тоҷикистон – “Равшан”-и Кӯлоб - соли оянда дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 иштирок менамояд.

Мусобиқот дар гурӯҳи «Б»-и қаҳрамонии Тоҷикистон 2-юми ноябр ба анҷом расида буд.

Ду дастаи машҳур – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон) ва «Хатлон»-и Бохтар (пештар «Вахш» ном дошт ва се бор қаҳрамони кишвар шудааст), ки ҷойҳои 9-уму 10-умро гирифтанд, соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Марҳилаи сеюм

Гурӯҳи «А»

Бозии даври 4-ум

«Истиқлол» - «Эсхата» - 4:2

Голҳо: Алишер Ҷалилов 35 – аз пеналти (1:0), Ойбек Абдуғаффоров 40 (1:1), Бахтиёр Зарипов, 50 (1:2), Ойбек Абдуғаффоров, 63 – ба дарвозаи худ (2:2), Салоҳиддин Эргашев, 86 (3:2), Сенин Себай 90+2 (4:2)

«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Иван Новоселетс, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро (Эҳсони Панҷшанбе, 58), Алиҷони Айнӣ (Ҳамадонӣ Камолов, 46), Ромиш Ҷалилов (Алиҷон Кароматуллозода, 46), Табрез Исломов, Денис Беганович (Салоҳиддин Эргашев, 75), Шаҳром Сулаймонов (Сенин Себай, 46), Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев..

Беҳтарин бозигари дидор: Ашишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Корти зард: Ромиш Ҷалилов, Денис Беганович («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

12-уми декабр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

21

15

4

2

52-11

49

2

«Равшан» (Кӯлоб)

21

9

8

4

29-19

35

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

22

10

3

9

39-36

33

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

21

9

3

9

29-32

30

5

«Файзканд» (Восеъ)

21

6

8

7

28-32

26

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “Б”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

6

КМВА (Душанбе)

22

5

11

6

16-15

26

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

5

11

6

6-19

26

8

«Ҳосилот» (Фархор)

22

6

7

9

17-22

25

9

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

22

5

9

8

21-30

24

10

«Хатлон» (Бохтар)

22

5

2

15

12-38

17