Рӯзи ҷаҳонии футбол. Бозие, ки дар Тоҷикистон рақами як аст

Футболбози тоҷик бо парчами Тоҷикистон

10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) таҷлил мешавад.

Санаи иди миллиро Созмони Милали Муттаҳид (СММ) интихоб кардааст. Дар ин рӯз одатан ҳама гуна чорабиниҳои марбут ба футбол доир мегардад.

Футбол яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва Англия ватани он ҳисобида мешавад, ки аввалин мусобиқаи расмӣ соли 1872 дар қаламрави ин кишвар баргузор шудааст.

Аз он замон то инҷониб 22 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол сурат гирифтааст, ки охиринаш соли 2022 дар Қатар доир гаштааст.

Ҳоло футбол на танҳо бозӣ, балки як тиҷорати бузурги варзишӣ низ мебошад. Футболбозони маъруфи ҷаҳон маоши калон мегиранд.

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нақшаҳоеро эълон кардааст, ки мувофиқи он то соли 2026-ум шаст дар сади аҳолии ҷаҳон ба футбол машғул хоҳанд шуд.

FIFA ният дорад, ки барои рушди ин бозӣ чор миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд.

“Динамо”-и Сталинобод (ҳозира Душанбе) аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад.

Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва FIFA пазируфта шудааст.

Аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастаи “Помир”-и Душанбе мебошад.

Дастовардҳои бузурги футболи тоҷик дар тули беш аз 50 сол ба "Помир" марбут аст, вале ин дастаи машҳур, ки аз байн рафтааст, боиси нигаронии ҳазорҳо мухлисонаш гардидааст.

Дар замони истиқлолият бошад, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дувоздаҳ бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, муваффақтарин аст.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки соли гузашта бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт, дар гурӯҳи "А" бо тимҳои Чин, Лубнон ва Қатар рақобат мекунад.

Қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар доир мегардад.

Дар Тоҷикистон занон низ ба футбол машғуланд. Дастаҳои мунтахаби футболи духтарон ва тими миллии занонаи Тоҷикистон ҳамасола дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) ширкат меварзанд.

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар қабул шудааст.

Ба ин тартиб, футбол ҳамчун варзиши рақами як дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.