Тоҷикони Ғозиёнтеппа пас аз зилзилаи Туркия чӣ ҳол доранд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳри Ғозиёнтеппаи Туркия, ки маҳалли кору иқомати чанд зодаи Тоҷикистон низ ҳаст, дар моҳи феврали имсол шоҳиди заминларзаи сахте буд. Дар натиҷаи он садҳо бино вайрон шуда, ҳазор нафар ҷон бохтанд. Осори зилзила ҳанӯз мондааст. Ҳам дар ҷойи ҳодиса ва ҳам дар зеҳни сокинон.