Канали "NotExtremists" дар паёмакрасони Телеграм шоми чоршанбе хабар дод, ки боздоштшудаҳо дар шуъбаи пулиси ноҳияи Байконури Остона қарор доранд.
Гуфта мешавад, ҳангоми боздошти фаъолон пулис аз неру истифода кардааст. "Онҳо (кормандони пулис) маро латтукӯб карданд", - мегӯяд Сиздиков дар наворе, ки аз лаҳзаи боздошти онҳо дар паёмакрасон нашр шудааст.
Талошҳои бахши қазоқии Радиои Озодӣ барои тамос бо боздоштшудаҳо ва дарёфти назари мақомоти пулис дар ин замина то замони нашри матлаб бенатиҷа буд.
Асет Абишев, Сергей Измайлов бо вакили дифоъ Меиржан Доскараев дар Остона нишасти хабарӣ баргузор карда, гуфтанд, далелҳо дар парвандаи раҳбари зиндонии "Алға, Қазақстан!" Марат Жиланбоев сохта мебошанд.
Марат Жиланбоев бо ҷурми ҷонибдории созмонҳои мамнуъ 7 сол зиндонӣ шудааст.